Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон пас аз баромади муваффақона дар Ҷоми Осиё-2024 ба Ватан баргашт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаи футзали моро намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, шаҳрдории Душанбе, Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзноманигорон, мухлисон ва наздикони бозигарону ситоди мураббиён самимона истиқбол гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 ба чоргонаи дастаҳои беҳтарини қитъа ворид шуда, барои аввалин бор дар таърихи худ роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2024-ро ба даст овард. Чемпионати ҷаҳон аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон барпо мешавад.