Дар Душанбе курсҳои ФИФА барои доварони футзал ҷараён доранд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе курсҳои ФИФА барои доварони футзал ҷараён доранд

Дар меҳмонхонаи «Тоҷ Палас»-и шаҳри Душанбе курси панҷрӯзаи ФИФА барои доварони футзали Тоҷикистон ҷараён дорад.

Дастурдиҳандаи курсҳо яке аз инструкторони пешқадами ФИФА Ясухиро Матсузаки аз Ҷопон мебошад, ки дорои таҷрибаи бузурги амалӣ ва донишҳои зиёди назариявӣ аст.

Дар ин курсҳо довароне, ки бозиҳои Суперлигаи Тоҷикистон-2023 ва мусобиқаҳои ҳаваскорони кишварро ҳакамӣ мекунанд, ширкат намуда истодаанд.

Курсҳои байналмилалии доварони футзал дар Тоҷикистон то 2 сентябр идома карда, аз дарсҳои назариявӣ ва амалӣ иборат аст.