Дар Душанбе чемпионати CAFA-2024 байни дастаҳои наврасон (U-17) ба анҷом расид – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе чемпионати CAFA-2024 байни дастаҳои наврасон (U-17) ба анҷом расид

Дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 17-сола хотима ёфт. 

Дар мусобиқа 6 дастаи минтақа иштирок намуд. Дар натиҷа медалҳои тиллоро футболбозони афғон ба даст оварданд, ки дар бозии финалӣ бар тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. 

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими Эрон пирӯз шуд (вақти асосӣ – 1:1, пеналти – 4:2). 

Тими наврасони Эрон бо ҷоизаи «Fair Play» қадрдонӣ гардид. Нишонзани беҳтарини мусобиқа Салмон Ғафарифузӣ, ҳамлагари тими миллии Эрон гардид, ки давоми мусобиқот муаллифи се гол шуд. Дарвозабони тими миллии Афғонистон Ҳамид Амирӣ беҳтарин дарвозабон ва самаровартарин бозигари чемпионати CAFA-2024 эътироф гардид.

Назари худро бинависед