Дар Душанбе чемпионати CAFA-2022 байни мунтахабҳои наврасон (U-16) баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе чемпионати CAFA-2022 байни мунтахабҳои наврасон (U-16) баргузор мешавад

Тоҷикистон боз як мусобиқаи байналмилалии футболро мизбонӣ мекунад. Аз 13 то 20 май дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола баргузор мешавад. Панҷ даста барои дарёфти унвони беҳтарин тими минтақа мубориза мебаранд.

Дар чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасони то 16-сола мунтахабҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.

Дар маҷмӯъ дар доираи чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16) даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегарданд.

Тибқи низомнома чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои наврасони то 16-сола аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

 

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16)

Иштироккунандагон: ТОҶИКИСТОН, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон.

 

Даври 1

13 май (ҷумъа)

18:00 – Ӯзбекистон – Эрон

21:00 – Афғонистон – Қирғизистон

 

Даври 2

14 май (шанбе)

18:00 – Афғонистон – Ӯзбекистон

21:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 3

16 май (душанбе)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

 

Даври 4

18 май (чоршанбе)

18:00 – Эрон – Афғонистон

21:00 – Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 5

20 май (ҷумъа)

18:00 – Қирғизистон – Ӯзбекистон

21:00ТОҶИКИСТОН – Эрон

Назари худро бинависед