Дар Душанбе чемпионати CAFA-2021 байни мунтахабҳои бонувони то 20 сола баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе чемпионати CAFA-2021 байни мунтахабҳои бонувони то 20 сола баргузор мешавад

Зери роҳбарӣ ва сарпарастии бевоситаи Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) аз 11 то 17 июн дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ байни дастаҳои бонувони ҷавони то 20 сола баргузор мегардад.

Дар мусобиқа панҷ дастаи футболи бонувони ҷавони то 20 солаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Эрон ва Узбекистон иштирок менамоянд. Вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд. Дар доираи ин мусобиқа дар маҷмӯъ даҳ бозӣ баргузор хоҳад шуд. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як қисм сурат гирифта, дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳои соҳибшудаа маълум мешавад.

 

Чемпионати CAFA-2021 байни дастаҳои мунтахаби бонувони ҷавони то 20 сола

Даври 1-ум

11 июн (ҷумъа)

Эрон – ТОҶИКИСТОН

Узбекистон – Афғонистон

 

Даври 2-юм

12 июн (шанбе)

ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

Узбекистон – Қирғизистон

 

Даври 3-юм

14 июн (душанбе)

Афғонистон – Эрон

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

 

Даври 4-ум

15 июн (сешанбе)

Қирғизистон – Афғонистон

Узбекистон – Эрон

 

Даври 5-ум

17 июн (панҷшанбе)

Эрон – Қирғизистон

ТОҶИКИСТОН – Узбекистон

Назари худро бинависед