Дар доираи барномаи FIFA Women’s Football Campaign дар Тоҷикистон силсила-фестивалҳо баргузор мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар доираи барномаи FIFA Women’s Football Campaign дар Тоҷикистон силсила-фестивалҳо баргузор мешаванд

Дар чаҳорчӯби барномаи рушди футбол дар Тоҷикистон таҳти унвони FIFA Women’s Football Campaign ҳашт фестивал ва чаҳор мусобиқа барои духтарон ташкил карда мешавад.

Фестивали ифтитоҳӣ як рӯз пеш дар ноҳияи Данғара баргузор шуд, ки дар он ҳудуди 100 нафар духтарони аз 6 то 12-сола ширкат карданд. Ҳадафи чорабинии варзишии FIFA Women’s Football Campaign тарғиби футболи занона дар Тоҷикистон, тағйир додани тасаввуроти футболи духтарона дар кишвар ва ҷалби онҳо ба футболбозӣ мебошад.

Фестивал дар шакли бозиҳои шавқовар баргузор гардид. Дар фарҷом ба иштирокчиён тӯб ва пироҳанҳои футболӣ тақдим карда шуд.

Назари худро бинависед