Дар даври дуюми Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Дар даври дуюми Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад

19-уми июн дар Тайланд бозиҳои даври дуюми Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола дар гурӯҳҳои «В» ва «С» баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки дар оғози мусобиқот бо тими Чин (1:1) мусовӣ кард, дар даври дуюм бо дастаи миллии Арабистони Саудӣ рақобат мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи Чонбури баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. Пахши мустақими ин вохӯриро шабакаи «ТВ Футбол» ба роҳ мемонад.

 

🏆 Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасон (U-17)

Гурӯҳи «С». Даври 2

📅 19 июн (душанбе)

️ Оғоз – соати 19:00 ба вақти Душанбе

🇸🇦 Арабистони Саудӣ – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Чонбури, Таиланд, Варзишгоҳи Чонбури

Назари худро бинависед