Лигаи футболи Тоҷикистон натиҷаҳои моҳи августро ҷамъбаст карда, беҳтарин футболбоз ва беҳтарин мураббии моҳро дар чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ муайян намуд.
Моҳи июл чор даври бозиҳои лигаи олии Тоҷикистон баргузор шуд. Аз рӯи натиҷаи онҳо, ҳакамони салоҳиятдор нимҳимоятгари “Кӯктош” Далер Ёдгоровро беҳтарин бозигари моҳи гузашта муайян карданд. Дар моҳи гузашта Ёдгоров ду маротиба беҳтарин бозигари вохӯриҳо дониста шуд ва инчунин голи ғалабаоварро ба дарвозаи «Хатлон»-и Бохтар (2:1) зад.
Устоди “Кӯктош” Маҳмадҷон Хабибуллоев бошад мураббии беҳтарини моҳ эътироф шуд. Таҳти роҳбарии ӯ дастаи ноҳияи Рӯдакӣ моҳи август чор бозӣ гузаронида, дар дутои он ғалаба ба даст овард ва ду вохӯриро мусовӣ анҷом дод.
Ҷоизаҳои пулӣ ба лауреатҳои моҳи август пеш аз оғози бозии даври чордаҳуми чемпионати Тоҷикистон «Локомотив-Помир» – «Кӯктош», ки 11 сентябр баргузор мешавад, супорида мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки ҷоизадорони қаблӣ дар моҳи апрел – Куайе Годсон ва Аслиддин Ҳабибуллоев (ҳарду «Хатлон»), дар моҳи июн – Эҳсони Панҷшанбе ва Виталий Левченко (ҳарду «Истиқлол»), инчунин дар моҳи июл Шервони Мабатшоев (КМВА) ва Рустам Хоҷаев («Хуҷанд») мебошанд.