Далер Каёсов: «Ширкат дар CAFA-2022 (U-14) барои бачаҳо таҷрибаи калон мешавад» – Федерация Футбола Таджикистана

Далер Каёсов: «Ширкат дар CAFA-2022 (U-14) барои бачаҳо таҷрибаи калон мешавад»

Пагоҳ, 11 ноябр дар шаҳри Ҳисор мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни футболбозони то 14-сола оғоз мешавад. Дар ин чорабинии варзишӣ дастаҳои наврасони  Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. 

Дар арафаи оғози мусобиқаи CAFA-2022 (U-14) дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе нишасти хабарӣ баргузор гардид, ки дар он сармураббиёни дастаҳои иштирокчӣ андешаҳои худро бобати мусобиқоти интизор иброз намуданд.

Далер КАЁСОВ, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14): 

– Бори аввал аст, ки мусобиқаи байналмилалӣ дар ин синну сол роҳандозӣ карда мешавад. Ба дастаи мо футболбозони бомаҳорат аз миёни дастаҳои Лигаи «Пешсаф» (U-14) интихоб шуданд ва пас аз ду марҳилаи омодагӣ ҳайати мукаммал иборат аз 20 нафар тартиб дода шуд. Ширкат дар мусобиқаи мазкур барои бачаҳо таҷрибаи калон мешавад. Мо кӯшиш мекунем, ки дар майдони худ ҳунарнамоии хуб нишон диҳем.

 

Зоҳир ҲАССАНӢ, сармураббии мунтахаби Афғонистон (U-14): 

– Новобаста аз вазъи мушкили сиёсӣ дар Афғонистон мо талош кардем, ки дастае ҷамъ оварем ва дар CAFA-2022 (U-14) ширкат кунем. Ба мо муяссар шуд, ки аз шаҳри Кобул ва чанд вилояти наздик ба марказ бозигаронро  ҷалб созем. 8 моҳ қабл омодагиҳоро шуруъ намудем. Ҳадафамон натиҷаи баланд ва шод намудани мухлисони худ мебошад.

Асғар МАЗИЯР, сармураббии мунтахаби Эрон (U-14): 

– Ташкили дастаи футболи то 14-сола барои мо ҳам чизи нав аст. Футболбозони мо машғули бозиҳои худ дар чемпионати дохилӣ буданд. Давоми як моҳ тамринҳои дастаҷамъонаро ба роҳ мондем ва бо тайёрии хуб ба Душанбе омадаем.

 

Азиз АННАМУҲАММАДОВ, сармураббии мунтахаби Туркманистон (U-14):

– Дар ин мусобиқот дастаи беҳтарин ё заиф вуҷуд надорад. Зеро мо бо бозии ҳамдигар ошно нестем. Танҳо натиҷаи чорабинии мазкур муайян мекунад, ки кадом тим дар кадом сатҳ аст. Ба ҳамаи иштирокчиён барор хоҳонам!

 

Исломбек ИСМОИЛОВ, сармураббии мунтахаби Ӯзбекистон (U-14):

– Дастаи наврасони Ӯзбекистон қаблан ду бозии дӯстона бо ҳамсолони худ аз Русия доир кард. Дар якеаш бохтем (0:1), дар дуюмин ғалаба кардем (1:0). Омодагиҳо дар сатҳи баланд аст. Дар ҳар як вохӯрӣ барои пирӯзӣ ба майдон мебароем.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) аз 11 то 18 ноябр дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

Назари худро бинависед