Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021: ҷоизадори медалҳои биринҷӣ дар даври охир маълум мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021: ҷоизадори медалҳои биринҷӣ дар даври охир маълум мешавад

Даври бисту шашум ва пеш аз ҷамъбастии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои лигаи олӣ поён ёфт. Агар қаҳрамон («Истиқлол») ва ноиб-қаҳрамон («Хуҷанд») аллакай маълум шуда бошанд, рақобат барои соҳиб шудан ба медалҳои биринҷии мусобиқа ҳанӯз ҳам идома дорад ва дар даври охирин маълум мегардад. Даври охирини мусобиқа якшанбеи 5-уми декабр баргузор хоҳад шуд.

 

Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 26-ум

«Истаравшан» – КМВА – 0:0

Огоҳонида шуданд: Ҷаҳонгир Сафаров, Ҷафар Исмоилов, Илҳомҷон Баротов, Бахтиёр Қаландаров, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев («Истаравшан»), Айдан Окран, Комрони Мирзонаҷот, Фатҳулло Фатҳуллоев (КМВА).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Қурбоналӣ Бобоев (КМВА).

23 ноябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 8000 тамошобин.

 

«Истиқлол» – «Файзканд» – 5:0

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 13 (1:0). Шервони Мабатшоев, 26 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 51 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 74 – аз пеналти (4:0). Рустам Соиров, 82 (5:0).

Огоҳонида шуданд: Амирбек Ҷӯрабоев («Истиқлол»), Абдухалил Боронов, Ҷозеф Феумба, Аббос Андалибов («Файзканд»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

24 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

 

«Равшан» – «Кӯктош» – 2:3

Голҳо: Азизбек Султонов, 10 (0:1). Азизбек Султонов, 60 – аз пеналти (0:2). Аваз Қамчинов, 64 (1:2). Далер Шомуродов, 75 – аз пеналти (2:2). Амирҷон Сафаров, 86 (2:3).

Огоҳонида шуданд: Абдураҳмон Нозимов, Асамоа Бенҷамин («Равшан»), Собирҷон Холматов, Аҳтамҷон Холбоев («Кӯктош»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Амирҷон Сафаров («Кӯктош»).

24 ноябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.

 

«Хатлон» – «Душанбе» – 3:1

Голҳо: Нуриддин Ҳамроқулов, 59 (1:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 67 (2:0). Парвиз Боқиохунов, 74 (3:0). Тетте Неррик, 84 (3:1).

Огоҳонида шуданд: Парвиз Боқиохунов, Сунатулло Исмоилов, Хушвахт Миров («Хатлон»), Акбарҷон Шарипов, Офори Ману Калеб («Душанбе»).

Аз майдон хориҷ шуд: Парвизҷон Ҳомидов («Душанбе»), 69 – барои рафтори иғвоангез (бо пой зарба задан ба рӯи ҳариф).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

24 ноябр. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 1000 тамошобин.

 

«Хуҷанд» – «Эсхата» – 2:1

Голҳо: Дилшодҷон Каримов, 38 – ба дарвозаи дастаи худ (1:0). Артём Сердюк, 69 (2:0). Иброҳим Эшонхонов, 75 (2:1).

Огоҳонида шуданд: Фирдавс Абдусалимов, Ҳоҷибой Зиёев, Артём Сердюк («Хуҷанд»), Боҳирҷон Сангинбоев, Абдураҳмон Узоқов, Дилшод Додобоев, Ҷаҳонгир Эргашев («Эсхата»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Иброҳим Эшонхонов («Эсхата»).

24 ноябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1500 тамошобин.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 25 20 4 1 76-8 64
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд)                  25 17 3 5 52-25 54
3 КМВА (Душанбе) 26 11 8 7 36-29 41
4 «Истаравшан» (Истаравшан) 26 11 6 9 28-25 39
5 «Хатлон» (Бохтар) 26 10 6 10 29-31 36
6 «Равшан» (Кӯлоб) 26 7 8 11 27-34 29
7 «Эсхата» (Хуҷанд) 26 8 3 15 32-49 27
8 «Файзканд» (Восеъ) 26 7 5 14 18-36 26
9 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 26 7 5 14 37-56 26
10 «Душанбе» (Душанбе) 26 4 6 16 23-65 18

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 17 гол, Рустам Соиров («Истиқлол») – 15 гол, Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 13 гол, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 12 гол, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 11 голӣ.

 

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Бозии мавқуфгузоштаи даври 9-ум

1 декабр (чоршанбе)

Оғоз – соати 14:00

«Хуҷанд» – «Истиқлол»

 

Даври 27-ум

5 декабр (якшанбе)

Оғоз – соати 14:00

«Эсхата» – «Равшан»

КМВА – «Хуҷанд»

«Душанбе» – «Истаравшан»

«Файзканд» – «Хатлон»

«Кӯктош» – «Истиқлол»

Назари худро бинависед