Чиптаҳои бозии дӯстонаи Тоҷикистон – Русия ба фурӯш баромаданд – Федерация Футбола Таджикистана

Чиптаҳои бозии дӯстонаи Тоҷикистон – Русия ба фурӯш баромаданд

Фурӯши чиптаҳои бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистону Русия оғоз шуд. 

Чиптаҳоро аз хазинаи Варзишгоҳи марказӣ дастрас карда метавонед. Барои хариди чипта ба рақамҳои телефонии 901-000-919 муроҷиат кунед. 

Нархи чиптаи муқаррарӣ 30 сомонӣ ва VIP 100 сомонӣ аст. 

Қобили зикр аст, ки рӯзи 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Русия баргузор мешавад. Бозӣ соати 20:00 оғоз мегардад.

 

🤝 Бозии дӯстона

📆 17 ноябр (панҷшанбе)

⏰ Оғоз соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед