Чемпионати футзали CAFA-2022: бохти мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз Эрон – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати футзали CAFA-2022: бохти мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз Эрон

Дар чемпионати Созмони футболи Осиёи Марказӣ оид ба футзал, ки имрӯзҳо дар Бишкеки Қирғизистон баргузор шуда истодааст, дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон бозии дуюми худро гузаронд.

Дар ин даври мусобиқа мунтахаби футзали ҷавонони мо бо ҳамсолони худ аз давлати Эрон, ки пурқувваттарин дастаи мусобиқа маҳсуб мешавад, вохӯрд. Бозӣ дар муборизаи баробар сурат гирифта, бо ҳисоби минималии 2 бар 1 ба фоидаи футзалбозони Эрон анҷом ёфт. Дар бозии дигари гурӯҳ Афғонистон бар Қирғизистон бо ҳисоби 5 бар 3 дастболо шуд.

Баъд аз ду даври бозиҳо мунтахаби ҷавонони Эрон дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Бозиҳои даври навбатии мусобиқа рӯзи сешанбеи 15-уми феврал баргузор мешаванд. Дар ин рӯз Афғонистон – Тоҷикистон ва Қирғизистон – Узбекистон вомехӯранд.

Қобили зикр аст, ки чемпионати футзали ҷавонони CAFA-2022 дар Бишкек аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм баргузор шуда, ҳар як даста чаҳор бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

 

Чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал байни мунтахабҳои ҷавонони то 19 сола

Даври 1-ум

Узбекистон – ТОҶИКИСТОН – 3:1

ГолҳоДалер Эшонқулов, 12 (1:0). Ҷовидон Хушвахтов, 13 (1:1). Далер Эшонқулов, 34 (2:1). Самандар Муродқулов, 40 (3:1).

 

Эрон – Афғонистон – 10:3

 

Даври 2-юм

ТОҶИКИСТОНЭрон – 1:2

Голҳо: Амирҳамзеҳ Содиқзодаҳ, 7 (0:1). Умед Назризода, 26 – ба дарвозаи дастаи худ (0:2). Саидисроил Саидов, 38 (1:2).

 

Қирғизистон – Афғонистон – 3:5

 

   ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 Эрон 2 2 0 0 12-4 6
2 Узбекистон 1 1 0 0 3-1 3
3 Афғонистон 2 1 0 1 8-13 3
4 Қирғизистон 1 0 0 1 3-5 0
5 ТОҶИКИСТОН 2 0 0 2 2-5 0

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

15 феврал (сешанбе)

15:00 –  Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

18:00 – Қирғизистон – Узбекистон

 

Даври 4-ум

17 феврал (панҷшанбе)

15:00 – Афғонистон – Узбекистон

18:00 – Эрон – Қирғизистон

 

Даври 5-ум

19 феврал (шанбе)

15:00 – Узбекистон – Эрон

18:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

Назари худро бинависед