Чемпионати CAFA-2023 бо ғалабаи мунтахаби духтаронаи Ӯзбекистон (U-17) ба анҷом расид – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати CAFA-2023 бо ғалабаи мунтахаби духтаронаи Ӯзбекистон (U-17) ба анҷом расид

Дастаи духтаронаи навраси Ӯзбекистон (U-17) дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки 16-уми март дар Ҳисор ба анҷом расид, ғолиб омад.

Дастаи Ӯзбекистон мусобиқаи мазкурро бидуни шикаст анҷом дода, бар тимҳои Эрон (4:1), Қирғизистон (3:0) ва Тоҷикистон (5:0) пирӯз шуд. Медалҳои нуқра бо дарёфти 6 имтиёз насиби тими Эрон гардид. Мавқеи сеюмро бо се хол мунтахаби Қирғизистон (3:0) моли худ сохт.

Духтарони навраси Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Фарҳод Холбеков дар се бозӣ аз тимҳои Қирғизистон (0:4), Эрон (0:7) ва Ӯзбекистон (0:5) шикаст хӯрданд.

Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов дар маросими ҷоизасупории чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола ширкат карданд.

Ҷоизаи «Fair Play» ба тими Эрон ва ҷоизаи махсус ба дастаи Тоҷикистон супорида шуданд. Бозигари тими миллии Эрон Сумая Исмоилӣ (4 гол) беҳтарин нишонзани мусобиқа эътироф гардид. Ва сарвони мунтахаби Ӯзбекистон Асалхон Аминҷонова судмандтарин бозигари чемпионати CAFA-2023 дониста шуд.

 

Чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои духтарона (U-17)

Даври 1

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 0:4

Ӯзбекистон – Эрон – 4:1

 

Даври 2

Қирғизистон – Ӯзбекистон – 0:3

Эрон – ТОҶИКИСТОН – 7:0

 

Даври 3

Эрон – Қирғизистон – 2:0

ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон – 0:5

Назари худро бинависед