Чемпионати CAFA-2022 миёни мунтахабҳои занона: натоиҷи даври сеюм – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати CAFA-2022 миёни мунтахабҳои занона: натоиҷи даври сеюм

Бозиҳои даври сеюми чемпионати Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби занона баргузор шуданд.

Мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон дар ин давр бо мунтахаби Узбекистон рақобат намуд. Бозӣ бо ҳисоби бузурги 8:1 ба фоидаи мунтахаби футзали занонаи Узбекистон анҷом ёфт. Голи ягонаи дастаи моро Ҷонона Қурбонова ба нишон расонд. Чемпиони феълии Осиё мунтахаби футзали занонаи Эрон ғалабаи сеюми худро ба даст овард. Дар ин давр бонувони футзалбози Эрон ба дарвозаи дастаи мунтахаби футзали занонаи Қирғизистон 10 голи беҷавоб заданд.

Баъди се даври бозиҳо мунтахаби футзали занонаи Эрон бо 9 имтиёз пешсафи ҷадвали мусобиқа мебошад. Узбекистон бо 6 имтиёз дар мақоми дуюм, мунтахабҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон бо 1 имтиёзӣ дар мақуомҳои сеюму чорум қарор доранд.

Рӯзи сешанбеи 25-уми январ бозиҳои даври якуми қисмати дуюми мусобиқа баргузор хоханд шуд. Дар ин давр Эрон бо Қирғизистон (15:00) ва Узбекистон бо Тоҷикистон (18:00) вомехӯранд.

Қобили зикр аст, ки аввалин чемпионати CAFA байни дастаҳои футзали занона дар Душанбе аз рӯи системаи даврӣ дар ду қисм баргузор мешавад ва ҳар як даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мешавад.

 

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Эрон 3 3 0 0 27-2 9
2 Узбекистон 3 2 0 1 21-6 6
3 ТОҶИКИСТОН 3 0 1 2 2-21 1
4 Қирғизистон 3 0 1 2 1-22 1

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 4-ум

25 январ (сешанбе)

15:00 – Эрон – Қирғизистон

18:00 – Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 5-ум

27 январ (панҷшанбе)

15:00 – Эрон – Узбекистон

18:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 6-ум

28 январ (ҷумъа)

15:00 – Узбекистон – Қирғизистон

18:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

Назари худро бинависед