«CAFA Nations Cup-2023»: имрӯз бозии дастаҳои Уммон ва Тоҷикистон баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

«CAFA Nations Cup-2023»: имрӯз бозии дастаҳои Уммон ва Тоҷикистон баргузор мешавад

Имрӯз, 14-уми июн дар шаҳри Тошканд бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» дар чаҳоргонаи «А» баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар оғози мусобиқот бо Туркманистон мусовӣ (1:1) кард, имрӯз бо тими миллии Уммон вомехӯрад. Бозӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд баргузор шуда, соати 18:30 оғоз мешавад. Пахши мустақими рақобатро шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» ба роҳ мемонанд.

 

🏆 «CAFA Nations Cup-2023»

Гурӯҳи «А». Даври 2

📅 14 июн (чоршанбе)

Оғозсоати 18:30

🇴🇲 Уммон🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Тошканд, варзишгоҳи «Пахтакор»

Назари худро бинависед