Бозии санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо «Ворскла»-и Украина – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо «Ворскла»-и Украина

Дастаи мунтахаби ҷавонони то синни 20 солаи Тоҷикистон, ки айни замон ҷамъомади омӯзишиву машқии худро дар Анталияи Туркия мегузаронад, бо дастаи “Ворскла”-и Украина бозии санҷишӣ гузаронд. Бозӣ хеле пуршиддат сурат гирифта, мусовиии бе гол анҷом ёфт.

Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев бозии санҷишии мазкурро бо ду ҳайати аз ҳам фарқкунанда баргузор намуда, дар рафти он тамоми бозигарони дарихтиёрашбударо ба майдон баровард. Бозии навбатии худро дастаи мунтахаби ҷавонони мо рӯзи 16-уми феврал ба муқобили мунтахаби ҷавонони Македонияи Шимолӣ хоҳад гузаронд.

 

Бозии санҷишӣ

ТОҶИКИСТОН (U-20) – «Ворскла» (Украина, U-20) – 0:0

Тоҷикистон (U-20): Сафармад Ғафоров (Шаҳобиддин Маҳмудзода, 69), Меҳрубони Абдурауф (Содиқҷон Қурбонов, 46), Раҳматшо Раҳматзода (Меҳрубон Каримов, 46), Шаҳриёри Иноятулло (Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, 46), Фахриддин Аҳтамов (Асадбек Зиёзода, 46), Аббос Андалибов (Азизбек Хаитов, 46, Ҳамзаҷон Аҳтамов, 70), Абдулло Шарипов (Меҳроб Асоев, 46), Амадони Камолов (Кабир Салимшоев, 46), Фатҳулло Олимзода (Бежан Нишонбойзода, 46), Алиҷони Айнӣ (Хуршед Давлатзода, 46, Сунатулло Азизов, 72), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Азизбек Далиев, 60).

13 феврал. Сиде, ТуркияМаҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчи».

Назари худро бинависед