Бинобар вазъи эпидемиологии марбут ба паҳншавии коронавирус бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бо иштироки дастаҳои Осиё, ки мувофиқи нақшаи пешакӣ бояд дар моҳи мартӣ ва моҳи июн баргузор мегаштанд, ба таърихи дертар ба таъхир гузошта шуданд.
ФИФА бо Конфедератсияи футболи Осиё машварат намуда, тасмим гирифт, ки бозиҳои дар ду равзана рӯзҳои 23-31 март ва 1-9 июни соли равон ба нақша гирифта шуда, мавқуф гузошта шаванд. Сабаби ба вақти дигар шузаронидани ин бозиҳо чораҳои бехатарӣ аз паҳншавии коронавирус мебошад.
Ба ин тартиб, бозии даври ҳафтуми ҶҶ-2022 дар гурӯҳи “Ф” байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Муғулистон, ки бояд рӯзи 26 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешуд ба таъхир гузошта шуд. Инчунин, бозии байни мунтахабҳои милии Японияву Тоҷикистон, ки мутобиқи тақвими пешакӣ бояд рӯзи 4 июн дар Япония доир мешуд ва бозии тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби миллии Мянмор, ки бояд рӯзи 9 июн дар Душанбе баргузор мегашт, ба муҳлати номуайян ба таъхир гузошта шуданд.
Дар бораи санаи нави баргузории бозиҳо баъдтар хабар дода мешавад. Қайд карда мешавад, ки Федератсияҳои футболи миллӣ бо мувофиқаи дуҷонибаи тарафҳо бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022-ро бо дарназардошти чораҳои амниятӣ ва тасдиқи пешакии ФИФА ва КФО метавонанд баргузор намоянд.
Қаблан, бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дод, ки бо сабаби таҳдиди коронавирус чорабиниҳои оммавӣ дар кишвар коҳиш дода шаванд. Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо мақсади пешгирӣ аз таҳдиди вируси короно бозиҳои дӯстона миёни тимҳои наврасони зери 16-соли Тоҷикистон ва Ҳиндустонро, ки бояд рӯзҳои 13 ва 15 март дар Душанбе баргузор мешуданд, лағв кард.