11 май дар шаҳри Турсунзода бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2024 баргузор мешавад, ки дар он қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи медали нуқраи мавсими гузаштаи лигаи олӣ «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳам вомехӯранд.
Довари ФИФА Насрулло Кабиров аз Норак довари марказии ин дидор таъйин гардид. Ёварони ӯ Акмал Бӯриев (Турсунзода) ва Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) хоҳанд буд. Вазифаи довари эҳтиётиро Рустам Нурматов аз Душанбе иҷро мекунад. Гулмуроди Саъдулло (Душанбе) дар VAR кор карда, Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) ёвари VAR хоҳад буд. Абдураҳим Бобоев (Турсунзода) кори ҳайати доваронро назорат намуда, Субҳон Хоҷамов (Душанбе) комиссари бозӣ таъйин гардид.
Қобили зикр аст, ки бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» 11 май дар варзишгоҳи «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мешавад.