Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои «Соро компания» – «Истиқлол» рӯзи 13 май дар Душанбе баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои «Соро компания» – «Истиқлол» рӯзи 13 май дар Душанбе баргузор мешавад

Рӯзи 13 май дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 баргузор мешавад.

Дар бозии якуми мавсими нави футзал барандаи феълии Суперлигаи Тоҷикистон ва соҳиби Ҷоми кишвар «Соро компания» бо барандаи медали нуқраи чемпионат «Истиқлол» вомехӯрад. Вохӯрӣ соати 19:00 оғоз мешавад.

Дар поёни бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 лотереяи варзишӣ гузаронида мешавад. Барои мухлисон туҳфаҳои арзишманд ба бозӣ гузошта мешавад.

 

🏆 Суперҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футзал

📅 13 май (шанбе)

️ Оғоз – соати 19:00

🟢 «Соро компания» (Душанбе) – 🔴 «Истиқлол» (Душанбе)

🏟 Душанбе, Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назари худро бинависед