Ба дастаи КМВА медалҳои биринҷии чемпионати Тоҷикистон-2021 тақдим шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ба дастаи КМВА медалҳои биринҷии чемпионати Тоҷикистон-2021 тақдим шуд

Дар маҷмааи “Кохи Афсарон”-и пойтахт рӯзи 17-уми декабр маросими ботантанаи супурдани медалҳои биринҷӣ ба футболбозон, мураббиён, ҳайати маъмурию роҳбарикунандаи дастаи КМВА-и Душанбе баргузор шуд.

Дар чорабинӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов, ҳайати афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

Вазири дифои Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар суханронии ифтитоҳии худ ба бозигарон, мураббиён, ҳайати маъмурӣ ва роҳбарикунандаи КМВА барои фаъолияти пурсамар дар мавсими соли 2021 ва барои бори аввал дар таърихи даста соҳиби роҳхат гардидан ба Ҷоми КФО, ки аз лиҳози дараҷабандӣ дуввумин мусобиқаи бошгоҳӣ дар Осиё мебошад, изҳори сипосгузорӣ намуд.

Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов зимни суханронӣ дар маросими супоридани ҷоизаҳои тими артиш ба Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон барои дастгирии ҳамаҷонибаи КМВА изҳори сипос намуда, бозигарон ва ҳайати мураббиёни бошгоҳро ба муносибати соҳиб шуданашон ба  медалҳои биринҷӣ табрик гуфта, ба “мудофиачиён” дар нахустин соли баромадашон дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё барору комёбӣ орзу кард.

Медалҳои биринҷии чемпионати Тоҷикистон-2021-ро ба КМВА ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шокурбонов супурданд. Вазорати дифои Тоҷикистон дар навбати худ ситоди мураббиён, маъмурият ва ҳайати роҳбарикунандаи КМВА-ро бо медалҳои «25-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонд.

Назари худро бинависед