Ҳамаи иштирокчиёни қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 (U-17) муайян шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳамаи иштирокчиёни қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 (U-17) муайян шуданд

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон ба анҷом расида, дар пайи он ҳамаи дастаҳои иштирокчии қисми ниҳоӣ муайян шуданд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё байни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 3 то 20 майи соли оянда баргузор мешавад. То ҳол макони баргузории мусобиқа муайян нашудааст.

Ба ҷуз аз мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи «Н» мақоми аввалро касб кард, ғолибони нуҳ гурӯҳи дигар – Ҷопон (гурӯҳи «А»), Малайзия (гурӯҳи «В»), Қатар (гурӯҳи «С»), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи «D»), Яман (гурӯҳи «E»), Ветнам (гурӯҳи «F»), Австралия (гурӯҳи «G»), Эрон (гурӯҳи «I») ва Ӯзбекистон (гурӯҳи «J») ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтанд.

Аз байни дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаҳои беҳтарин ҷойҳои дуюмро гирифтанд, шаш даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифт: Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи «J»), Чин (гурӯҳи «G»), Афғонистон (гурӯҳи «H»), Ҳиндустон (гурӯҳи «D»), Таиланд (гурӯҳи «F») ва Лаос (гурӯҳи «I»).

Ҳамаи 16 иштирокчии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни наврасон (U-17): Ҷопон, Малайзия, Қатар, Арабистони Саудӣ, Яман, Ветнам, Австралия, ТОҶИКИСТОН, Эрон, Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Таиланд ва Лаос.

Назари худро бинависед