Алишер Шукуров бо дастаи «Динамо»-и Тифлис қарордоди ҳамкорӣ баст – Федерация Футбола Таджикистана

Алишер Шукуров бо дастаи «Динамо»-и Тифлис қарордоди ҳамкорӣ баст

Нимҳимоятгари 21-солаи тими миллии Тоҷикистон Алишер Шукуров фаъолияти худро дар ҳайати қаҳрамони ҳаждаҳкаратаи Гурҷистон, бошгоҳи футболи «Динамо»-и Тифлис идома медиҳад.

Алишер Шукуров бо серҷоизатарин бошгоҳи футболи Гурҷистон шартномаи дусола имзо кард. Шукуров дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон шаш бозӣ анҷом додааст. Нахустин баромади ӯ дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон 17 октябри соли гузашта дар бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Mердека-2023» дар Куала-Лумпур сурат гирифтааст, ки дар он тими мо бар яккачини Малайзия бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд.

Дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа Алишер Шукуров дар ҳамаи панҷ бозии дастаи мо ширкат карда, дар маҷмуъ 459 дақиқаро дар майдон сипарӣ намудааст.

Назари худро бинависед