Алишер Ҷалилов ба АГМК-и Узбекистон гузашт – Федерация Футбола Таджикистана

Алишер Ҷалилов ба АГМК-и Узбекистон гузашт

Капитани “Истиқлол”-и Душанбе ва дастаи мунтахаби миллии кишвар Алишер Ҷалилов, ки беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2021 эътироф шуд, дастаи  AГMK-и Олмалиқи Узбекситон гузашт. АГМК дар Суперлигаи Узбекистон бозӣ мекунад.

Алишер ба муддати ду сол бо бошгоҳи футболи АГМК (Олмалиқ) шартнома баст. Дастаи нави футболбози мо дар мавсими соли гузашта медали биринҷии Суперлигаи Узбекистонро соҳиб шудааст.

Роҳбарияти “Истиқлол” ба Алишер Ҷалилов барои ҳамкории якҷоя изҳори сипос намуда, ба ӯ дар собиқаи минбаъдаи бозикунияш барору комёбӣ таманно менамояд, навиштаст дар сомонаи расмии худ бошгоҳи футболи “Истиқлол”.

Назари худро бинависед