Сармураббии дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон Александр Дзабирадзе ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистонро барои иштирок дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии футзали Узбекистону Қирғизистон номбар кард.
Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишиву машқии худро дар Маркази омӯзишии Бонки миллии кишвар дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд анҷом дод. Аз рӯи натоиҷи ин ҷамъомади омӯзишиву машқӣ ҳайати тими миллии футзали Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии футзали Қирғизистон (18 ноябр) ва Узбекистон (19 ноябр) муайян гардид. Бозиҳои санҷишии мазкур дар шаҳри Олмолиқи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор хоханд шуд.
Сармураббии дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, мутахасиси гурҷӣ Александр Дзабирадзе барои иштирок дар ин вохӯриҳо 14 бозигар – 3 дарвозабон ва 11 бозигари майдониро ҳамроҳ мегирад. Бозигарони “Сипар”-и Хуҷанд Собирҷон Гуляков ва Иқбол Воситзода, инчунин Умед Кузиев аз «Соро компании» бо сабаби осеб доштан дар ин вохӯриҳо иштирок намуда наметавонанд.
Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафар карда, рӯзи 18 ноябр бо тими миллии футзали Қирғизистон ва рӯзи 19 ноябр бо дастаи мунтахаби миллии футзали Узбекистон бозӣ мекунад.
Ёдрас мешавем, ки дар шонздаҳумин чемпионати футзали Осиё, ки аз 23 март то 3 апрели соли оянда дар Кувайт баргузор мешавад, дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” баромад мекунад. Рақибони дастаи миллии футзали Тоҷикистон тимҳои миллии футзали Туркманистон, Ветнам ва Уммон мебошанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии футзали Қирғизистон ва Узбекистон:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»), Муродулло Алиқулов («Соро компания»), Нуриддин Ҷабборов («Муҳоҷир»);
Бозигарони майдон: Дилшод Саломов, Баҳодур Хоҷаев, Алишер Сафаров, Раҳмоналӣ Шарипов, Парвиз Раҳматов (ҳама аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров (ҳама аз «Соро компания»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев, Некрӯз Идиев (ҳама аз «Муҳоҷир»).
Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).
Бозиҳои дӯстона
18 ноябр (чоршанбе)
Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
19 ноябр (панҷшанбе)
Узбекистон – ТОҶИКИСТОН