Ҷаласаи Кумитаи баргузории мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон барпо шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷаласаи Кумитаи баргузории мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон барпо шуд

Кумитаи баргузории мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ҷаласа баргузор намуд. Дар ҷаласа нақшаҳои мусобиқоти Лигаи футболи Тоҷикистон барои соли оянда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Оғози мавсими навбатии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 7 март дар назар аст. Мисли имсол чемпионати Тоҷикистон дар ду давра бо ширкати 12 даста баргузор мешавад. Умуман давоми мавсим ҳар як даста дар чемпионат 22 вохӯрӣ мегузаронад.

Дастае, ки дар соли 2025 мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум меафтад ва дастае, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2025 бозиҳои гузаришӣ мегузаронад.

Тибқи натиҷаи соли 2024 бошгоҳи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ лигаи олии чемпионатро тарк мекунад. «Ҳулбук»-и Восеъ, ки ғолиби лигаи якум гардид, соли 2025 ҳуқуқи иштирок дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олиро пайдо намуд.

Кумитаи баргузории мусобиқаҳои ФФТ санаи рақобат барои Суперҷоми кишварро дар соли 2025 пешниҳод кард. 25-уми май, дар Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон дар соли оянда миёни қаҳрамони кишвар – «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар назар аст.

Аъзои кумита тасдиқ карданд, ки дар соли 2025 ҳар марҳилаи Ҷоми Тоҷикистон аз як бозигӣ иборат хоҳад буд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд ҳамчун макони баргузории вохӯрии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 пешниҳод гардид.

Илова бар ин, дар ҷаласа беҳтаринҳои мавсими 2024 муайян карда шуданд. Рӯйхати беҳтарин бозигарон ва мураббиёни мавсими сипаришуда ба Кумитаи иҷроияи ФФТ барои тасдиқ пешкаш шуд.

Ҳама тасмимҳои Кумитаи баргузории мусобиқаҳои ФФТ бояд дар ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 14 декабр баргузор мешавад, тасдиқ шаванд.

Назари худро бинависед