Ғалабаи дастаи мунтахаби футболи занони Тоҷикистон бар Молдив дар марҳилаи интихобии Қаҳрамонии Осиё-2022 – Федерация Футбола Таджикистана

Ғалабаи дастаи мунтахаби футболи занони Тоҷикистон бар Молдив дар марҳилаи интихобии Қаҳрамонии Осиё-2022

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар бозии марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” бар мунтахаби футболи бонувони Молдив бо ҳисоби калони 4 бар 0 пирӯз шуд.

Ду голи мунтахаби моро Лайло Ҳалимова ва як голиро Некӯбахт Худододова ва Наталя Сотникова ба нишон заданд.

Дар бозии ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 дастаи Юсуф Рабиев рӯзи чоршанбеи 29 сентябр бо мунтахаби футболи занони Ветнам вомехӯрад. Дар ин вохӯрӣ барои баромадан ба марҳилаи ниҳоӣ ба дастаи мо танҳо ғалаба зарур аст.

 

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2022 байни мунтахабҳои футболи занон

Гурӯҳи «В». Даври 2-юм

ТОҶИКИСТОН – Молдив – 4:0

ГолҳоЛайло Ҳалимова, 2 (1:0). Некӯбахт Худододова, 13 (2:0). Лайло Ҳалимова, 24 (3:0). Наталя Сотникова, 58 (4:0).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣЛайло Ҳалимова (Тоҷикистон).

26 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Ветнам 1 1 0 0 16-0 3
2 ТОҶИКИСТОН 1 1 0 0 4-0 3
3 Молдив 2 0 0 2 0-20 0

 

Даври 3-юм

29 сентябр (чоршанбе)

Оғоз – соати 18:00

Ветнам – ТОҶИКИСТОН

Назари худро бинависед