Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Гела Шекиладзе ҳайати дастаи мунтахаби кишварро барои бозиҳо муқобили мунтахабҳои Беларус (20 март) ва Тимори Шарқӣ (25 март), ки дар Душанбе баргузор мешаванд, эълон кард.
Ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон 25 бозигар: 4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар шомиланд. Аз 25 футболбози даъватшуда 13 нафарашон легионер мебошанд.
Дастаи мо омодагиро ба рақобатҳои дарпешистода имрӯз, 16 март оғоз мекунад.
Қобили зикр аст, ки тими миллии Тоҷикистон рӯзи 20-уми март бо яккачини Беларус вохӯрии дӯстона ва 25-уми март бо мунтахаби Тимори Шарқӣ бозии даври муқаддамотии Ҷоми Осиё-2027-ро анҷом медиҳад. Ҳарду нерӯсанҷиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз меёбанд.