Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои Ҷоми Осиё-2023 – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои Ҷоми Осиё-2023

Ситоди мураббиёни мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев ҳайати бозигаронро барои ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1 то 18 март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, муайян кард.

Ба рӯйхат 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд.

Дар Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) бозӣ мекунад.

Пас аз натоиҷи Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор тими беҳтарин ба мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон роҳ меёбад, ки баргузориаш дар Индонезия ба нақша гирифта шудааст.

 

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2023 дар Ӯзбекистон: 

Дарвозабонҳо: 1. Сафармад Ғаффоров («Хатлон»), 16. Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо»), 23. Суҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»); 

Ҳимоятгарон: 2. Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), 3. Раҳматшо Раҳматзода («Ҳосилот»), 4. Меҳрубон Ғаффорзода («Равшан»), 5. Содиқҷон Қурбонов («Истиқлол»), 11. Шаҳриёри Иноятулло («Равшан»), 15. Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), 19. Асадбек Зиёзода (Истаравшан);

Нимҳимоятгарон: 6. Азизбек Ҳаитов («Хуҷанд»), 7. Салам Ашӯрмамадов («Думиенсе», Португалия), 8. Ҳамзаҷон Аҳтамов («Истаравшан»), 12. Кабир Салимшоев («Динамо»), 13. Амадонӣ Камолов («Истиқлол»), 14. Салоҳиддин Иргашев («Истиқлол»), 17. Алиҷони Айнӣ («Истиқлол»), 18. Абдулло Шарипов (КМВА), 22. Фатҳулло Олимзода («Равшан»); 

Ҳамлагарон: 9. Абдулфаттоҳ Худойдодзода («Динамо»), 10. Сунатулло Азизов («Хатлон»), 20. Далер Шарифов («Металлург», Ӯзбекистон), 21. Фаридун Давлатов («Регар-ТадАЗ»). 

Сармураббӣ – Олег Кубарев (Беларус).

Назари худро бинависед