«AFC Women’s Football Day 2023»: дар Душанбе фестивали футбол баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«AFC Women’s Football Day 2023»: дар Душанбе фестивали футбол баргузор шуд

Дар доираи таҷлили Рӯзи футболи бонувони Конфедератсияи футболи Осиё – «AFC Women’s Football Day 2023», имрӯз, 7 март дар мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Душанбе ҷашнвораи футбол баргузор гардид.

Дар фестивали футбол зиёда аз 100 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернат иштирок карданд. Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш оммавӣ намудани футболи занона ва ҷалби духтарон ба варзиш ба ҳисоб меравад.

Дар охири чорабинӣ ба иштирокчиён тӯб ва либоси варзишӣ тақдим карда шуд.

Назари худро бинависед