Қабули ҳуҷҷатҳо барои курсҳои таълимии дипломи «А» – Федерация Футбола Таджикистана

Қабули ҳуҷҷатҳо барои курсҳои таълимии дипломи «А»

Раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон оғози қабули ҳуҷҷатҳо барои довталабони шаҳодатномаи мураббигии дараҷаи «А»-ро эълон мекунад.

Курсҳои мураббигӣ аз ду марҳила бо дарназардошти танаффус барои кори амалӣ дар дастаҳо ба муҳлати як моҳ иборат аст. Марҳилаи якум аз 12 то 25 сентябр дар Душанбе ва марҳилаи дуюм аз 25 октябр то 7 ноябр дар назар аст. Рӯзи охири пешниҳоди дархост барои омӯзиш дар курсҳои мураббигии дипломи «А» 8 сентябр аст.

 

Довталаб барои курси барномаи дипломи «А» бояд дорои маълумоти зерин бошад: 

✔️ Иҷозатномаи мураббигии категорияи «В»;

✔️ Таҷрибаи на камтар аз ду сол дар мураббигӣ;

✔️ Наворҳо аз давраи мураббигӣ, ҷамъомадҳои таълимӣ ва бозиҳо ба шуъбаи таълими мураббигарии раёсати техникии ФФТ пешниҳод карда шаванд;

✔️ Нақшаи таълим барои 150 соат (микродавраҳои солона, моҳона, ҳафтаина) пешниҳод карда шавад;

 

Барои муроҷиат ҳамзамон маводҳои зеринро пешниҳод кунед: 

✔️ Нусхаи диплом (ва асли он);

✔️ Маълумотнома (CV);

✔️ Сурати 4х6 (ранга) дар шакли электронӣ;

✔️ Нусхаи шиноснома ва асли он;

✔️ Маълумотномаи саломатӣ (дар сурати тасдиқ  ду рӯз пеш аз оғози курс).

 

❗️ Довталабон аз ҷониби кумитаи таълими мураббигарӣ баррасӣ ва тасдиқ карда мешаванд.

 

📲 Барои маълумоти иловагӣ ба рақамҳои зерин муроҷиат кунед: 937102810 (Наталя Сотникова).

Назари худро бинависед