Дар шаҳри Минск мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» ба анҷом расид. Аз рӯи натиҷагирии мусобиқа ду бозигари тими наврасони Тоҷикистон (U-17) дар қатори беҳтаринҳо қарор гирифтанд.
Сарвони мунтахаби наврасони мо Абубакр Сулаймонов беҳтарин бозигари «Ҷоми рушд-2023» ва ҳамлагар Раббонӣ Камолов бо задани 4 гол нишонзани беҳтарин эътироф гардиданд.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) «Ҷоми рушд-2023»-ро дар Минск бидуни бохт ҷамъбаст карданд. Шогирдони Раҳматулло Фузайлов дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо тимҳои миллии Русия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ карда, бар тими Эрон (3:1) пирӯз шуданд. Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм бачаҳои мо бар тими Русия (U-16) бо ҳисоби 3:0 ғолибият ба даст оварданд.
Ғолиби «Ҷоми рушд-2023» мунтахаби наврасони Русия (U-17) гардид, ки дар финал бар тими Қазоқистон (3:1) пирӯз шуд.