Аҳтам Назаров фаъолияти худро дар бошгоҳи «Андиҷон»-и Ӯзбекистон идома медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Аҳтам Назаров фаъолияти худро дар бошгоҳи «Андиҷон»-и Ӯзбекистон идома медиҳад

Сарвони тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назарови 30-сола, ки дар тими «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ мекард, фаъолияти худро дар бошгоҳи футболи шомили Суперлигаи Ӯзбекистон «Андиҷон» идома медиҳад.

Аҳтам Назарови пуртаҷриба, ки ҳам дар хати ҳимоя ва ҳам дар нимҳимоя бозӣ мекунад, дар ҳайати «Истиқлол» беш аз 250 бозӣ анҷом додааст. Шартномаи ӯ бо дастаи «Андиҷон» ду сол муҳлат дорад.

Аҳтам Назаров аз соли 2011 дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар 68 рақобат анҷом дода, панҷ гол задааст.

Назари худро бинависед