7-8 ноябр дар Душанбе мунтахабҳои Тоҷикистон ва Русия бозиҳои дӯстона мегузаронанд – Федерация Футбола Таджикистана

7-8 ноябр дар Душанбе мунтахабҳои Тоҷикистон ва Русия бозиҳои дӯстона мегузаронанд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов, ки аз рӯйи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт ба қатори панҷ тими беҳтарини чемпионат шомил шуд, бо ноибқаҳрамони Аврупо – тими миллии футзали Русия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Вохӯриҳои дӯстона миёни дастаҳои футзали Тоҷикистон ва Русия рӯзҳои 7 ва 8 ноябр дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзишии обии Душанбе баргузор мешаванд. Бозиҳо соати 20:00 оғоз мегарданд. Арзиши чиптаи оддӣ 30 сомонӣ ва чиптаи VIP 100 сомониро ташкил медиҳад. 

Мо ҳамаи мухлисонро ба бозиҳои дарпешистода даъват мекунем!

 

🤝 Бозиҳои дӯстона

📆 7 ноябр (душанбе)

⏰ Оғоз соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия

🏟 Душанбе, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ

 

📆 8 ноябр (сешанбе)

⏰ Оғоз соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия

🏟 Душанбе, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ

Назари худро бинависед