30 март мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) рақибони худро дар Ҷоми Осиё-2023 пайдо месозад – Федерация Футбола Таджикистана

30 март мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) рақибони худро дар Ҷоми Осиё-2023 пайдо месозад

30 март дар маросими қуръакашӣ, ки дар Бангкок сурат мегирад, рақибони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 муайян мешавад.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки дар таърихи худ бори чаҳорум дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат мекунад, дар сабади якум қарор гирифт ва мутмаинан дар як гурӯҳ бо Таиланд, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ намеафтад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ чаҳор гурӯҳ иборат аз чаҳор дастаӣ ташкил карда мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбад.

Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 15 июн то 2 июл дар Тайланд баргузор мешавад.

Пас аз натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон чаҳор дастаи беҳтарин ба Ҷоми ҷаҳон, ки аз 10 ноябр то 2 декабр дар Перу баргузор мешавад, роҳхат мегирад.

 

Таркиби сабадҳо барои қуръакашии даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола чунин аст: 

Сабади 1️⃣:  🇹🇭 Таиланд, 🇯🇵 Ҷопон, 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН, 🇰🇷 Кореяи Ҷанубӣ.

Сабади 2️⃣ : 🇦🇺 Австралия, 🇮🇳 Ҳиндустон, 🇮🇷 Эрон, 🇾🇪 Яман.

Сабади 3️⃣ : 🇲🇾 Малайзия, 🇻🇳 Ветнам, 🇦🇫 Афғонистон, 🇸🇦 Арабистони Саудӣ.

Сабади 4️⃣ : 🇨🇳 Чин, 🇺🇿 Ӯзбекистон, 🇶🇦 Қатар, 🇱🇦 Лаос.

Назари худро бинависед