12 январ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё воқеъ дар шаҳри Куала-Лумпур маросими қуръакашии даври аввали марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпӣ-2024 оид ба футбол миёни бонувон баргузор мешавад, ки дар он тими миллии занонаи Тоҷикистон низ рақибони худро пайдо месозад.
Дар даври аввали марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпӣ 31 даста ба ҳафт гурӯҳ тақсим мешавад: панҷ гурӯҳ иборат аз чаҳор даста ва ду гурӯҳи дигар иборат аз се даста. Бозиҳои даври аввал аз 3 то 11 апрели соли ҷорӣ баргузор мешаванд.
Ғолибони ҳафт гурӯҳ ба даври дуюми интихобӣ роҳ меёбанд, ки онҷо панҷ дастаи беҳтарин дар Осиё – Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Австралия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ба рақобат ҳамроҳ мешаванд.
Чаҳор дастаи беҳтарини даври дуюми интихобӣ (се ғолиби гурӯҳ ва беҳтарин дастае, ки ҷойи дуюмро ишғол кардааст) дар даври сеюми интихобӣ бо ҳам вомехӯранд. Дар даври ниҳоӣ дастаҳо ба ду ҷуфт тақсим шуда, ду бозӣ – дар хона ва дар меҳмонӣ баргузор мекунанд. Ғолибони ҷуфтҳо ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Парижро ба даст меоранд.