Таҳлилу баррасии таҷрибаи Владимир Ежуров бо мураббиёни тоҷик – Федерация Футбола Таджикистана

Таҳлилу баррасии таҷрибаи Владимир Ежуров бо мураббиёни тоҷик

Шогирди футболи тоҷик Владимир Ежуров, ки солҳои тӯлонӣ дар сохтори бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон фаъолият кардаст, таҷрибаи худро бо мураббиёни бошгоҳҳо ва мунтахабҳои футболи Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ мекунад.

Имрӯз, 5 декабр, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон семинари серӯзаи мураббиёни бошгоҳҳо ва мунтахабҳои футболи Тоҷикистон оғоз шуд. Семинарро тарбиятдидаи футболи тоҷик, ки дар гузаштаи наздик вазифаи сармураббии бошгоҳи футболи «Енисей»-и кишвари Красноярскро ба ӯҳда дошт – Владимир Ежуров роҳбарӣ мекунад.

Владимир Ежуров фаъолияти мураббигариро аз бошгоҳи футболи «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз кардаст. Мавсуф дар дастаи «Пахтакор» давоми шаш сол фаъолият карда, солҳои 1993 ва 1994 барандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон шуда аст.

Владимир Ежуров дар бошгоҳҳои футболи «Металург» (Бекобод), «Симурғ» (Ангрен) ва инчунин «Хуҷан»-и Хуҷанди Тоҷикистон низ фаъолият дошт. Дар давоми фаъолияти мураббигарии худ дар Тоҷикистон Владимир Ежуров аъзои ситоди мураббиёни мунтахабҳои ҷавонон ват ими миллии Тоҷикистон низ буд.

Сар аз соли 2003 Владимир Раимович ба сохтори бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон гузашт. Дар ин бошгоҳҳ ӯ ба ҳайси мураббӣ-селексионер, ҳамчунин мураббии ҳайати ҷавонони «Рубин» фаъолият кардаст. Владимир Ежуров муддати кӯтоҳ дар бошгоҳҳои футболи «Балтика»-и Калининград ва «Нефтихимик»-и Нижнекамск низ ба ҳайси мураббӣ кор кардаст.

Соли гузашта Владимир Ежуров мавсими омадагиро сипарӣ намуда, имтиҳонҳои Академияи маҳорати мураббигарии Иттиҳоди футболи Русияро бомуваффақият супурд ва соҳиби муҷаввизи мураббигарии  PRO шуд.

Добавить комментарий