Сипосгузории «Истиқлол» барои дастгириву ҳамкорӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Сипосгузории «Истиқлол» барои дастгириву ҳамкорӣ

Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе  тавассути сомонаи расмияш аз номи роҳбарият, ситоди мураббиён, бозигарон ва ҳайати хизматрасони худ ба ҳаммаи онҳое, ки дар мавсими футболи соли гузашта бо «Истиқлол» ҳамкорӣ доштанд, сипосгузорӣ баён менамояд.

«Мавсими соли гузашта, дар таърихи «Истиқлол» ва футболи ватанӣ, ҳамчун яке аз мавсимҳои бобарортарин аз замони Соҳибистиқлолии мамлакат маҳсуб меёбад. Он гуна ки ҳамагон огоҳанд, дар соли 2015 «Истиқлол» дар тамоми сабқатҳои дохилӣ ғолиб шуда, бори аввал дар таърихи футболи тоҷик ба бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё роҳ ёфт. Ин муваффақиятҳо бе дастгирии мухлисони сершумори даста, сарпарастон, бахусус, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи мамлакат, кормандони Васоити Ахбори Омма ва инчунин ҳаммаи онҳое, ки давоми сол бо мо ҳамкорӣ доштанд, бороямон  муяссар намешуданд. Мо барои ҳамкории судманди дуҷониба сипосгузории самимонаи худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон, Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аэропорти байналмилалии Душанбе, ширкатҳои «Joma», «Абдулло-Медиа», Кумитаи телевизион ва радиоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизмати шаҳри «Ёрии таъҷилӣ», меҳмонхонаҳои «Шератон», «Тоҷикистон», «Хаятт Риҷенси Душанбе», «Тоҷ Палас», Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар Қайроққум, ҶСК «Ориёнбонк», ширкати мобилии «Вавиллон-Мобайл», шабакаҳои телевизионии «Шабакаи аввал», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», агентии хабаррасони «Азия-Плюс», «Варзиш-Спорт», газетаи мардумии «СССР», радиои «Озодӣ», НИАТ «Ховар», газетаи «Вечёрка», «Радиои Тоҷикистон», ширкати телевизиони байнидавлатии «Мир» ва ба ҳаммаи нашрияҳои дохиливу хориҷӣ барои дастгирии иттилоияшон баён месозем. Ташаккур ба шумов а боварӣ дорем, ки дар оянда низ ин ҳамкории судманди дуҷониба идома хоҳад ёфт. Бе дастгириву ҳамкории шумо, мо ба муваффақият намерасидем!»,-гуфта мешавад, дар сомонаи расмии «Истиқлол»  www.fc-istiklol.tj.

Добавить комментарий