«Шоҳини Осмоӣ»-ро дар бозӣ муқобили «Ҳосилот» Боир Игамбердиев роҳбарӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

«Шоҳини Осмоӣ»-ро дар бозӣ муқобили «Ҳосилот» Боир Игамбердиев роҳбарӣ мекунад

Мутахассиси тоҷик Боир Игамбердиев, ки таҳти роҳбарии ӯ дастаи футболи «Шоҳин Осмоӣ» дукурата чемпиони футболи Афғонистон шуд, дар бозии марҳилаи пешакии Ҷоми КФО-2017 муқобили «Ҳосилот»-и Фархор (Тоҷикистон) низ «Шоҳин Осмоӣ»-ро роҳбарӣ хоҳад кард.

Боир Игамбердиев, ки қаблан дастаҳои мунтахаби олимпӣ ва наврасони Тоҷикистонро низ машқ додааст, ба ҳайси сармураббии дастаи футболи «Шоҳин Осмоӣ»-и Афғонистон дар марҳилаи пешакии Ҷоми КФО-2017 номнавис шуд.

Ёдрас мешавем, ки бозии аввали марҳилаи пешакии Ҷоми КФО-2017 миёни дастаҳои «Ҳосилот» ва «Шоҳин Осмоӣ» 31-уми январ соати 15:30 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад. Бозии ҷавобӣ байни ин дастаҳо низ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе 7-уми феврал соати 17:00 оғоз меёбад.

Добавить комментарий