Роман Пилипчук: «Мо таҷрибаи калон бардоштем» – Федерация Футбола Таджикистана

Роман Пилипчук: «Мо таҷрибаи калон бардоштем»

Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22), мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук дар нишасти хабарии пас аз бозӣ барои ҷойи 7-ум бо мунтахаби ҷавонони Қазоқистон (2:3) дар Ҷоми Иттиҳод-2016 натоиҷи вохӯриро баррасӣ кард.

«Ман қаблан ҳам арз кардам, ки аз иштирок дар ин мусобиқа таҷрибаи калон бардоштем, камбудиву бурдҳои худро ба таври назариявиву амалӣ дида, барои кори ояндаамон маводи зиёде пайдо кардем. Дар ин мусобиқа барои мо навгониҳои гуворое низ ҷой доштанд. Баъзе бозигароне, ки то ин дам бо иборае дар соя нишаста худро нишон дода наметавонистанд, имкон пайдо карданд, ки худро зоҳир кунанд. Вобаста ба ин, ман мехоҳам ба бозигарони худ сипосгузории алоҳида баён намоям. Онҳо бо як ҳайат давоми ҳафт рӯз дар бозиҳо иштирок карданд, ки ин бисёр душвор аст. Мо имрӯз дар аввали бозӣ дарҳол 2 гол сар додем. Дар ин хати муҳофизат бозигари мо, ки ҳамагӣ 16 сол дорад, бозӣ мекунад ва дар ин синну сол чунин ҷадвали  ниҳоят зичро тоб овардан бисёр душвору ғайриимкон аст. Бо ин сабаб, мо ӯро ҳеҷ гоҳ сарзаниш намекунем, балки баръакс дастгирӣ менамоем. Имрӯз дида мешуд, ки дар ин мусобиқа бачаҳои мо тамоми қувваашонро истифода мекунанд. Дар нишастгоҳи эҳтиётиёни мо бошад, танҳо бозигарони хати ҳимоя монданд. Бо вуҷиди ин ҳама, мо хулосаи асосии худро аз мусобиқа баровардем. Дар миёни ин бачаҳо якчанд бозигароне ҳастанд, ки онҳоро ба мунтахаби миллии асосии кишвар тавсия медиҳем. Баъзе мураккабиҳо дар он ҷой доранд, ки ин дастаро ман худам ҷамъ накардам. Ман фаъолиятамро дар Тоҷикистон ба наздикӣ шурӯ кардам. Рӯйхатро бошад, ба ман аз ситоди мураббиёни мунтахаби асосии мамлакат дастрас карданд, ки ин дурусту бомантиқ аст! Ба ман дарҳол мушкилиҳои даста, аз он ҷумла, вазъи дарвозабонро нишон доданд. Мо кори бузургеро дар пеш дорем. Аз ҳама дида бозиҳои масъулиятноки мунтахаби мо дар моҳи сентябр доир мешаванд. То он давра мо бояд хуб омодагӣ бигирем. Дар бораи дарвозабон бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки мо ҷавонони боистеъдодро аз шаҳрҳои на он қадар калони худ пайдо карда, тарбия мекунем. Дар ҳолати шадид аз шаҳрвандкунонӣ (натурализация) истифода мекунем. Бо ин ҳама, ман намехоҳам, ки айни замон таваҷҷӯҳамонро танҳо сари ин мушкилӣ равона созем. Дар мо бозӣ ҳаст ва иҷрокунандагонашро дорем. Болои хатогиҳоямон бошад, кор мекунем».

Добавить комментарий