Раддабандии КФО: «Истиқлол» ба Тоҷикистон имтиёз меорад – Федерация Футбола Таджикистана

Раддабандии КФО: «Истиқлол» ба Тоҷикистон имтиёз меорад

«Истиқлол»-и Душанбе, ки то имрӯз дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 ҳафт имтиёзро соҳиб шудааст, дар раддбандии Конфедератсияи футболи Осиё барои Тоҷикистон 2,333 хол овард.

Дар феҳристи ба наздикӣ интишоршудаи КФО Тоҷикистон соҳиби 10,389 хол мебошад. Байни 46 давлати Осиё мо дар зинаи 26-умро ишғол мекунем. Барои дар Лигаи чемпионҳои КФО ишғол намудани ҷой, Тоҷикистонро зарур аст, ки аз Лубнон пеш гузарад. Айни замон Лубнон нисбати Тоҷикистон 9 хол зиёдтар дорад.

Мавқеъи ҳозираи Тоҷикистон дар раддабандии КФО имконият медиҳад, ки соли оянда ду клуби футболи кишвар дар Ҷоми КФО иштирок кунанд. Агар ягон тағийрот ба амал наояд, соли оянда чемпиони мо аз марҳилаи гурӯҳи ва барандаи Ҷоми милӣ аз даври плей-офф ба мусобиқа шурӯъ мекунанд.

Ҳаминро қайд мекунем, ки раддабандии КФО шумораи ҷойҳои ҳар як ассотсиатсияро барои сабқатҳои бошгоҳии оянда – Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО муайян мекунад. Аъзоёни ассотсиатсияҳое, ки дар раддабандӣ зинаҳои 1-24-ро ишғол мекунанд, ҳуқуқ доранд, ки дар Лигаи чемпионҳои КФО иштирок намоянд. Аъзоёни ассотсиатсияҳое, ки дар раддабандӣ ҷойҳои 25-32-ро ишғол мекунанд, метавонанд дар Ҷоми КФО ду бошгоҳӣ намоянда дошта бошанд, ки чемпиони кишвар аз марҳилаи гурӯҳӣ ва барандаи Ҷоми миллӣ аз даври плей-офф баромадашонро оғоз мекунанд.

Ассотсиатсияҳое, ки дар раддабандӣ зинаҳои 33-46-ро ишғол мекунанд, имконият доранд, ки дар сабқати ояндаи Ҷоми КФО аз марҳилаи пешакӣ бозӣ кунанд. Як дастаи ин ассотсиатсияҳо аз марҳилаи квалификатсионӣ ва дастаи дигараш аз марҳилаи плей-офф мусобиқаро оғоз мекунад.

Ёдовар мешавем, ки раддабандии КФО дар асоси натоиҷи баромади ҳамаи клубҳои асотсиатсияҳо дар Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО барои чор мавсими охир (аз онҳо 70% ба ҳисоб гирифта мешавад) ва инчунин холҳои соҳибшудаи мунтахабҳои миллӣ дар раддабандии ФИФА (30%) мураттаб гардонида мешавад. Холҳои  раддабандии бошгоҳӣ ва раддабандии мунтахабҳо ҷамъ карда шуда, ҷамъи умумии раддабандии КФО-ро ташкил мекунад.

ranking2ranking

Эзоҳ: ЛЧ. ГС* — Лигаи чемпионҳо. Марҳилаи гурӯҳӣ, ЛЧ. ПО – Лигаи чемпионҳо. Плей-офф, Ҷоми КФО. ГС – Ҷоми КФО. Марҳилаи гурӯҳи, Ҷоми КФО. ПО – Ҷоми КФО. Плей-офф, Ҷоми КФО. КР – Кубок АФК. Марҳилаи квалификатсионӣ.

Добавить комментарий