Рақибони дастаи ФФТ дар Ҷоми “Истиқлол” – Федерация Футбола Таджикистана

Рақибони дастаи ФФТ дар Ҷоми “Истиқлол”

Рӯзи шанбеи 1-уми август бо ҳузури намояндагони 20 дастаи иштирокчӣ, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи мамлакат қуръакашии сеюмин Ҷоми Клуби футболи “Истиқлол” оид ба футболи хурд доир гардид. Мусобиқа ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9 сентябр ташкилу баргузор гардонида мешавад.

Мутобиқи қуръакашӣ дастаҳои иштирокчӣ ба чор гурӯҳи 5 дастагӣ тақсим карда шуданд. Барандаи феълии Ҷоми КФ “Истиқлол” дастаи футболи хурди Федератсияи футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои футболи хурди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Динамо”, “Формула успеха” ва “Спитаменбонк” рақобат мекунад. Ҳаминро қайд мекунем, ки ҳайати дастаҳои иштирокчӣ ҳанӯз ҳам мукаммал нест ва хоҳишмандон метавонанд дархостҳояшонро барои иштирок пешниҳод намоянд.

Сеюмин Ҷоми Клуби футболи “Истиқлол” рӯзи 8 август оғоз мегарда ва дар он  дастаҳои футболи хурди вазоратҳо, сохторҳои қудратӣ, корхонаву муаассисаҳо, бонкҳо, сафоратхонаву намояндагиҳои даватҳои хориҷии дар ҷумҳурӣ мустақаршуда ва инчунин дигар идораҳо ширкат мекунанд. Аъзоҳақӣ барои ширкат дар мусобиқа 3000 (се ҳазор) сомонӣ муқаррар шудаст. Дар мусобиқа бозигарони синнашон аз 24 сола боло ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Бозигарони дастаҳои лигаҳои оливу якум ва ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон ба мусобиқа роҳ дода намешаванд.

_DSC3504Бозиҳои мусобиқа дар майдончаҳои футболбозии чаманашон маснӯии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуривӣ доир мешаванд. Айни замон 20 даста иштироки худро дар Ҷоми КФ “Истиқлол” тасдиқ карданд ва дастаҳое, ки хоҳиши иштирок кардан дар ин мусобиқаро доранд, метавонанд бо онҳо пайваст шаванд.

Мукофотпулии Ҷоми имсолаи Клуби футболи “Истиқлол” 70 000 (ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо Ҷом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 40 000 (чил ҳазор) сомонӣ, дастаи финалист ба маблағ дар ҳаҷми 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ ва барандаи медалҳои биринҷӣ бо маблағ дар ҳаҷми 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ мукофотонида мешаванд. Роҳбарони дастаҳои ҷоизадор ва бозигарони беҳтарин ҳам бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои молӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Натиҷаи қуръакашии сеюмин Ҷоми КФ “Истиқлол” оид ба футболи хурд:

Гурӯҳи «А»: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Динамо», Федератсияи футболи Тоҷикистон, «Формула успеха», «Спитаменбонк».

Гурӯҳи «В»: «Истиқлол», «Бухоро», «Бонки миллӣ», «Газпром», «Гумрук».

Гурӯҳи «С»: «Ҷаҳоннамо», «Тоҷик семент», «Фароз», «Ориёнбонк», «Антикоррупсия».

Гурӯҳи «D»: «Вавилон», «Аэропорт», «Агроинвестбонк», Федератсияи футболи Душанбе, «Соро компания».

Добавить комментарий