Покери Ҳусейни Сӯҳробӣ ва як голи ғолибияти Давронҷон Тухтасунов – Федерация Футбола Таджикистана

Покери Ҳусейни Сӯҳробӣ ва як голи ғолибияти Давронҷон Тухтасунов

Дар доираи вохӯриҳои даври сездаҳуми лигаи олии Тоҷикистон имрӯз, 12 сентябр, ду бозии навбатӣ доир гардид. Чемпиони дукаратаи Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар “Парвоз” бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 дастболо шуд.

Қаҳрамони ин бозӣ бо чор голи задааш легионери эронии кӯлобиҳо Ҳусейни Сӯҳробӣ гардид. Сӯҳробӣ дар дақиқаҳои 30-юм, 34-ум, 47-ум ва 82-юми вохӯрӣ ба фатҳи дарвозаи ҳавонавардон муваффақ шуд. Як голи дигарро дегионери африқоитабори “Равшан” аз давлати Гана ниммуҳофиз Акуффо Гершон ба самар расонд. Баъди поккер дар бозӣ бо “Парвоз”,  Ҳусейни Сӯҳробӣ шумораи голҳои задаашро ба понздаҳто расонд ва дар сабқати нишонзанҳои лига, аз ҳамлагари “Истиқлол” ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов бо таносуби як гол пеш гузашт.  Манучеҳр то имрӯз дар 13 бозӣ 14 маротиба ба дарвозаи ҳарифон “соядаст”-и худро гузоштаст. Баъди ин ғалаба дастаи шаҳри Кӯлоб бо 26 имтиёз мақоми худро дар зинаи биринҷии мусобиқа мустаҳкамтар сохт.

Дар бозии дигари ин давр КМВА “Помир” дар майдони худ бар “Барқи тоҷик” бо ҳисоби минималии 1 бар 0 дастболо шуд. Ин вохӯрӣ бисёр шавқовару ҷаззоб ҷараён гирфта, голи ягонаро дар дақиқаи 80-уми бозӣ ҳамлагари мудофиачиён Давронҷон Тухтасунов зад. Қобили қайд аст, ки голи ба усули “қайчӣ” задаи Давронҷон хеле зебову диданӣ баромад. Ғалабаи худро мудофиачиён ба маъмури даста Назрулло Сафолов бахшиданд. Ҳоҷӣ Назрулло дар арафаи баргузории ин бозӣ ба синни ҷашнии 50 солагӣ расиданд. Дар навбати худ мо низ Назрулло Сафоловро ба ин муносибат табрик гуфта, барояшон хонаободиву хушбахтӣ сарбаландиву муваффақиятро таманно дорем.

Барономаи бозиҳои даври сездаҳум имрӯз бо бозии байни “Хуҷанд” – “Регар-ТадАЗ” ҷамъбаст мешавад. Бозӣ соати  16:30 дар Варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Дастаи соҳили Сирдарё дар зинаи дуюми ҷадвали чемпионати Тоҷикистон қарор дошта, нисбат ба металлургчиён чор имтиёз бештар дорад.

 

Чемпионати  Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 13-ум

КМВА «ПОМИР» «БАРҚИ ТОҶИК» 1:0

Гол: Давронҷон Тухтасунов, 80.

КМВА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Фурӯғ Қодиров, Фирдавс Чақалов, Сефах Жаке Нана, Павел Калугин, Андох Наполеон, Комрони Мирзонаҷот  (Алишер Холмуродов, 67), Парвиз Кашкаров, Шамсиддин Қосимов, Давронҷон Тухтасунов (Бехзод Шарифов, 86), Орзу Додхудоев (Рустам Толибов, 66).

«Барқи тоҷик» (Душанбе): Эмомалӣ Сониев, Сергей Абрамов, Фаррух Фузайлов, Далер Бердиқулов (Алишер Ҷӯраев, 82), Сафархон Мирзоев, Сорбон Карамов, Самад Шоҳзуҳуров, Вайсиддин Сафаров, Шодмон Тағойзода, Ҳокимҷон Ҳасанов (Фирӯз Раҳматов, 57), Соломон Течи.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣАнатолий Старушенко (КМВА «Помир»).

СардоварБаҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) – 8 хол.

12 сентябр. Душанбе. Варзтшгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи ҶТ. 100 тамошобинон.

 

«ПАРВОЗ» «РАВШАН» 0:5

Голҳо: Ҳусейни Сӯҳробӣ, 30 (0:1). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 34 (0:2). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 47 (0:3). Акуффо Гершон, 62 (0:4). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 82 (0:5).

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Рамзбек Норбобоев, Рашид Мирхолиқов, Умед Одинаев, Абдумалик Юсупов, Рустам Домлоҷонов, Хуршед Воҳидов (Азиз Юсуфҷонов, 46), Шоҳрух Тошматов, Фирдавс Хоҷаев, Қурбонбек Ҳайдаров (Фарҳод Ҳикматуллоев, 60), Бахтовар Зокиров, Маруф Марифбоев.

«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Ҳоҷимуродов, Мусо Содиқ (Далер Чолов, 74), Акуффо Гершон, Ҳусейни Сӯҳробӣ, Абдурасул Раҳмонов, Бенҷамин Авуко, Бахтиёр Қаландаров, Сайдамири Сайдаҳмад, Наврӯз Рустамов, Абдураҳмон Нозимов (Суннатулло Холов, 46), Музаффар Назаров (Ҳусейнҷони Маҳмадалӣ, 67).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣҲусейни Сӯҳробӣ («Равшан»).

СардоварХусрави Сиддиқзод (Душанбе).

12 сентябр. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 1000 тамошобинон.

 

13 сентябр (якшанбе)

Оғози бозӣ соати16:30

«ХУҶАНД» «РЕГАР-ТАДАЗ»

СардоварСайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 13 12 1 0 49-2 37
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 12 8 3 1 24-8 27
3 «Равшан» (Кӯлоб) 13 8 2 3 30-22 26
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 12 6 5 1 18-8 23
5 «Хайр» (Ваҳат) 13 6 3 4 17-23 21
6 КМВА «Помир» (Душанбе) 13 5 2 6 9-14 17
7 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 13 3 3 7 14-22 12
8 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 13 2 2 9 10-23 8
9 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 13 1 4 8 4-25 7
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 13 0 1 12 3-31 1

НишонзанҳоҲусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 15 гол, Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 14 гол, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол») – 8 гол, Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») – 7 гол, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Шодибек ҒАФФОРОВ («Равшан»), Давронҷон ТУХТАСУНОВ (КМВА «Помир») – 5 голӣ.

Добавить комментарий