Сармураббии мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистон Роман Пилипчук ҳайати дастаро барои иштирок дар ҷамъомади якуми таълимӣ-машқӣ, ҷиҳати омодагӣ дар Ҷоми Иттиҳод-2016 номбар кард.
Ба ҷамъомади омӯзишӣ-машқии якуми даста, ки пагоҳ 19 декабр оғоз мешавад, мутахассиси украинӣ 24 бозигарро даъват кардаст, ки 3 нафарашон дарвозабон, 8 нафарашон муҳофизатгар, 9 нафарашон ниммуҳофизатгар ва 4 нафарашон ҳамлагар мебошанд. Ҷамъомади якуми омодагии даста то 30 декабр идома мекунад.
Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (бозигарони солҳои тавалудашон 1994 ва аз он боло) дар Ҷоми Иттиҳод- 2016, дар гурӯҳи «В» баромад хоҳад кард. Рақибони ҷавонони мол ар гурӯҳ, мунтахабҳои ҷавонони Россия, Латвия ва Эстония мебошанд. Мунтахабҳои ҷавонони Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус ва Молдова шомили гурӯҳи «А» шуданд. Мусобиқа аз 16 то 24 январ дар Санкт-Петербурги Россия доир мешавад.
Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Эмомалӣ Сониев («Барқи тоҷик»), Шаҳром Исмоилов, Беҳрӯз Хайриев (ҳар ду аз «Вахш»);
Муҳофизон: Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Азимов, Алишер Шарипов (ҳар се аз «Регар-ТадАЗ»), Соҳиб Ҳакимов («Хуҷанд»), Фирдавс Чақалов (КМВА «Помир»), Саидхони Амрохон («Равшан»), Қувватбек Равшанбеков («Вахш»), Парвиз Ҳамидов («Хайр»);
Ниммуҳофизон: Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов (хар ду аз «Истиқлол»), Фаридун Шарипов, Фирӯз Қараев, Нозим Бобоҷонов (ҳар се аз «Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Муҳсин Парпиев («Хайр»), Сайёди Ковусшо (КМВА «Помир»), Амирбек Ҷӯрабоев (бе бошгоҳ);
Ҳамлагарон: Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»), Фирӯз Раҳматов («Барқи тоҷик»).