Витсе-чемпиони Тоҷикистон бошгоҳи футболи “Ҳосилот”-и Фархор, ҳайати худро барои иштирок дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 бо тими “Шоҳин Осмоӣ”, чемпиони футболи Афғонистон, маълум кард.
Ба дархости «Ҳосилот» 20 бозигар – 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – дохил шудаанд. Дар ин рӯйхат чаҳор нафарашон легионер мебошанд: Мӯсо Содиқ, Акуффо Гершон Квеси ва Агблей Ҷонс аз Гана, инчунин Сайриддин Ғаффоров аз Узбекистон. Мувофиқи тартиби баргузории мусобиқа, як ҳафта пеш аз бозии аввали марҳилаи пешакӣ «Ҳосилот» метавонад ба дархосташ боз панҷ бозигарро илова намояд. Дар мавриди роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО -2017 “Ҳосилот” метавонад боз панҷ бозигари дигарро ба дархост илова созад. Дар ҷараёни давраи дархостдиҳӣ ҳар як бошгоҳ метавонад ба рӯйхати бақайдгирӣ на бештар аз 30 бозигарро дохил намояд.
Ёдовар мешавем, бозии аввали марҳилаи пешакии Ҷоми КФО-2017 миёни дастаҳои «Ҳосилот» ва «Шоҳин Осмоӣ» 31-уми январ соати 15:30 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад. Довари ФИФА Дмитрий Машентсев аз Қирғизистон сардовари бозии аввал таъин шудааст. Бозии ҷавобӣ байни ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе 7-уми феврал соати 17:00 оғоз меёбад. Бозии ҷавобиро доварон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон доварӣ мекунанд. Довари ФИФА Моуд Бунёдифарди 31-сола сардовари бозӣ таъин шудааст. Агар дастаи «Ҳосилот» бар чемпиони Афғонистон пирӯз шавад, дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон – «Балкан»-и Туркманистон рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии аввал 21-уми феврал ва бозии ҷавобӣ 28-уми феврал барпо мегарданд.
Ғолиби даври плей-офф дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО -2017 дар гурӯҳи «D» ба се бошгоҳи футболи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун чемпионҳои футболи кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ мешавад.
Дархости «Ҳосилот» барои иштирок дар Ҷоми КФО-2017:
Дарвозабонҳо: Рустам Ризоев, Фатҳулло Бобоев;
Ҳимоятгарон: Мӯсо Содиқ (Гана), Ойбек Абдуғаффоров, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Эраҷ Раҷабов, Баҳром Изомов, Хайрулло Азизов;
Нимҳимоятгарон: Сайриддин Ғаффоров (Узбекистон), Акуффо Гершон Квеси (Гана), Муҳаммадҷони Ҳасан, Абдурасул Раҳмонов, Иброҳим Рабимов, Абдусамад Ҳоҷибоев, Шаҳзод Давлатов;
Ҳамлагарон: Агблей Ҷонс (Гана), Наврӯз Рустамов, Шодибек Ғаффоров, Сайдалии Сафаралӣ.