Ҷоми Тоҷикистон-2015: шикасти сахти “Равшан” аз “Истиқлол” – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Тоҷикистон-2015: шикасти сахти “Равшан” аз “Истиқлол”

Чемпиони секаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии аввали чорякфинали Ҷоми миллӣ дар майдони худ бар “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби ҳангуфти 7 бар 0 пирӯз шуд.

Футболбозони дастаи пойтахт дар қисми аввали вохӯрӣ ба дарвозаи меҳмонони кӯлобӣ 4 гол ва дар қисми дуюм боз се голи беҷавоби дигар заданд.

Ба ин тартиб, баъди ғалаба бо ҳисоби бузург ва бартарии комил, “Истиқлол” рӯзи 25 сентябр ба шаҳри Кӯлоб барои иштирок дар бозии ҷавобӣ сафар мекунад.

Ёдовар мешавем, ки бозии дигари нимфинали Ҷоми Тоҷикистон байни КМВА “Помир” ва “Регар-ТадАз” мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт. Бозии ҷавобӣ байни ин дастаҳо рӯзи 1 октябр дар шаҳри Турсунзода доир мешавад.

 

Ҷоми Тоҷикистон. 1/2 финал. Бозии якум

«ИСТИҚЛОЛ» «РАВШАН» 7:0

Голҳо: Хуршед Маҳмудов, 7 (1:0). Дилшод Восиев, 15 (2:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 39 (3:0). Аҳтам Назаров, 45 (4:0). Сиёвуш Асроров, 58 (5:0). Парвизҷон Умарбоев, 63 (6:0). Манучеҳр Ҷалилов, 80 (7:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Алишер Тӯйчиев, Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук, Аҳтам Назаров, Хосе Баллестер, Фатҳулло Фатҳуллоев (Манучеҳр Ҷалилов, 63), Амирҷон Сафаров, Парвизҷон Умарбоев (Умедҷон Шарипов, 73), Хуршед Маҳмудов (Бледа Родригес, 63), Дилшод Восиев (Ромиш Ҷалилов, 73).

«Равшан» (Кӯлоб): Амир Ҳоҷимуродов, Бенджамин Авуко, Мусо Содик, Саидхони Амрохон, Сайдамири Сайдаҳмад (Далер Чолов, 83), Бахтиёр Қаландаров, Наврӯз Рустамов, Ҳусейни Сӯҳробӣ (Абдураҳмон Нозимов, 23), Гершон Акуффо, Сунатулло Холов (Музаффар Назаров, 67), Абдурасул Раҳмонов.

Огоҳонида шуданд: Амирҷон Сафаров, Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Абдурасул Раҳмонов, Сайдамири Сайдаҳмад, Бахтиёр Қаландаров («Равшан»).

Аз майдон хориҷ шуд: Бенджамин Авуко («Равшан»), 71 – корти дуюми зард.

Сардовар: Диловар Орзуев (Ҳисор) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Шариф Назаров (Душанбе).

22 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1000 тамошобинон.

 

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

25 сентябр (ҷумъа)

Оғози бозӣ соати 15:30

«РАВШАН» «ИСТИҚЛОЛ»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёварон: Хусрави Сиддиқзод, Беҳрӯз Муртазоев (ҳар ду аз Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа).

Нозири бозӣ: Анваршо Мирзоев (Душанбе).

Кӯлоб, варзишгоҳи марказӣ

 

1 октябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 15:30

«РЕГАР-ТАДАЗ» КМВА «ПОМИР»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Ёварон: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон), Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа).

Довари эҳтиётӣ: Вафо Қараев (Шаҳринав).

Нозири бозӣ: Алишер Урунов (Душанбе).

Турсунзода, варзишгоҳи “Металлург”

Добавить комментарий