Ҷоми Тоҷикистон-2015: “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” дар бозии финалӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Тоҷикистон-2015: “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” дар бозии финалӣ

Ин бор соли панҷум аст, ки дар бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода паиҳам рӯбарӯ мешаванд.

Финалисти дуюми Ҷоми Тоҷикистон-2015, имрӯз, 1-уми октябр, дар бозии байни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” – КМВА “Помир” маълум гардид. Бозии ҷавобии нимфинали Ҷоми миллӣ дар Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода  доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи металлургчиён анҷом ёфт. Голҳои соҳибони майдонро Комил Саидов, Комрон Турсунов ва аз пеналти Нозим Бобоҷонов ба самар расонданд. Як голи мудофиачиёнро бошад, Сайёди Кофусшо зад.

Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон байни “Истиқлол”-и пойтахт ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рӯзи 25 октябр дар Варзишгоҳи марказии Кӯлоб баргузор мешавад.                

 

Ҷоми Тоҷикистон-2015

1/2 финал. Бозии ҷавобӣ

«РЕГАР-ТАДАЗ» — КМВА «ПОМИР» — 3:1

Голҳо: Комил Саидов, 11 (1:0). Комрон Турсунов, 17 (2:0). Сайёди Ковусшо, 48 (2:1). Нозим Бобоҷонов, 86 – аз пеналти (3:1).

Аз майдон хориҷ шуд: Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ»), 68 – барои бо пой зарба задан ба ҳариф.

Бозии якум – 0:0.

 

Ҳамаи бозиҳои финалии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Бо пеналти – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Бо пеналти – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восе) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хӯҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Бо пеналти – 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Бо пеналти – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА«Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Бо пеналти – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ»?

Добавить комментарий