Ҷоми Тоҷикистон-2015: бозии финалӣ ба вақти андактар гузаронида шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Тоҷикистон-2015: бозии финалӣ ба вақти андактар гузаронида шуд

Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2015  миёни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки мувофиқи тақвим бояд рӯзи 25-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегардид, ба вақти андактар гузаронида шуд.

Қарори мазкур имрӯз, 17 октябр, аз ҷониби Шӯрои Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон қабул карда шуд. Сабаби қабул гардидани қарор бошад, омода гардонии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ба бозии финалии Ҷоми КФО-2015 бо иштироки чемпиони секаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе мебошад. Дар бораи санаи баргузории Ҷоми миллӣ миёни «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ” ба таври иловагӣ хабар хоҳем дод.

Ёдовар месозем, ки бо сабаби аз ҷониби ФИФА барканор гардидани Ассотсиятсия футболи Кувайт аз ҳамаи мусобиқаҳои байналмилалӣ, акнун дар бозии финалии Ҷоми КФО-2015 чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол»-и пойтахт бо «Ҷахор Дорул Такзим»-и Малайзия  рақобат мекунад. Бозӣ рӯзи 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мешавад.

Добавить комментарий