Ҷоми КФО: дебютант фаворитро шикаст дод! – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми КФО: дебютант фаворитро шикаст дод!

Чемпиони секаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, ки имсол барои бори аввал дар Ҷоми КФО-2015 иштирок мекунад, дар доираи бозиҳои даври чоруми марҳилаи гурӯҳии ин сабқат, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, чемпиони феълии Ҷоми КФО «Ал-Қадсия»-и Кувайтро дар ҳузури 15 ҳазор тамошобин бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст дод.

Бозӣ он гуна, ки ҳамагон интизорияш доштанд, хеле шавқовару диданӣ сурат гирифт. Бахусус, соҳибони майдон имкониятҳои зиёди голзаниро ба вуҷуд оварда, дар дили мухлисони сершумори худ шӯълаи умед бар ғалабаро меафрӯхтанд. Дар дақиқаҳои охири қисми аввали бозӣ душабегиҳо ба фатҳи дарвозаи меҳмонон муваффақ шуданд, аммо довари канори майдон байрақашро бардошта, голи задаи ниммуҳофизатгар Хуршед Маҳудовро дар ҳолати ғайри бозӣ (офсайд) шинохт. Ҳамин тавр, қисми аввали вохӯрӣ мусовӣ ва бидуни гол поин шуд.

IMG_1116IMG_1151IMG_1453Қисми дуюми бозӣ низ бо бартарии пурраи «Истиқлол» оғоз шуд.  Футболбозони тоҷик, ки онҳоро дастгирии мухлисони сершумор нерӯву тавони тоза мебехшид, пайваста ба дарозаи «Ал-Қадсия» фишор меоварданд. Натиҷа ҳамин шуд, ки дар дақиқаи 53-юми бозӣ, Фатҳулло Фатҳуллоев чанд нафар бозигари дастаи арабиро моҳирона гузашта вориди ҷаримагоҳ шуд. Арабҳои ба ваҳшат афтодаро ғайри қонуни бозиро вайрон кардану Фатҳуллоро аз пой афтондан дигар илоҷе намонд ва ҳамин тавр ҳам карданд. Сардовари бозӣ Пратап Сингх аз Ҳиндустон бе дудилагӣ ба «нуқта» ишора намуд. Ҳукми доварро Нуриддин Давронов, ки дар ин вохӯрӣ яке аз беҳтарин бозигарони «Истиқлол» буд, бе хато ба анҷом росонид. Баъд аз даҳ диқиқа бозигарони «Истиқлол» аз қаноти рости майдон ҳуҷуми барқовареро муваффақаона анҷом карданд. Капитани даста Дилшод Восиев маҳирона чанд муҳофизатгари «Ал-Қадсия»-ро гузашта, тӯбро ба Манучеҳр Ҷалилов партофт. Манучеҳр аз масофи наздик тӯбро ба тӯри дарвозаи дастаи ҳариф равон намуда, ҳисобро ба 2 бар 0 расонид.

Дар вақти боқимонда шогирдони Мубин Эргашев дар хати ҳимоя бисёр пухтаву моҳирона бозӣ карда ба меҳмонони кувайтӣ хурдтарин имконияти ба дарвозаи «Истиқлол» фишор оварданро надоданд. Ин ғалабаи дуюми чемпиони мо дар Ҷоми КФО-2015 мебошад, ки онҳоро сидқан муборакбод мегӯем!!!

Баъди ин ғалаба «Истиқлол» бо ҳафт имтиёз ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқа дар гурӯҳи «С» баромад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ «Аҳал» – Туркманистон, ки монанди чемпиони мо дар Ҷоми КФО-2015 дебютант маҳсуб мешавад, бар фаворити дигари гурӯҳ «Эрбил»-и Ироқ дар сафар бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз шуд. Ин бозӣ бо сабаби нооромиҳо дар Ироқ, дар майдони бетараф, дар Дохаи Қатар баргузор шуд.

Бозии навбатии худро «Истиқлол» дар сафар рӯзи 29-уми апрел бо «Эрбил»-и Ироқ дар Доха мегузаронад.

 

ҶОМИ КФО-2015

Гурӯҳи «С». Даври 4-ум

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) «Ал-Қадсия» (Кувайт) 2:0

Голҳо: Нуриддин Давронов, 53 – аз пеналти (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 63 (2:0).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асров, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Парвизҷон Умарбоев, 77), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук, Дилшод Восиев (Умедҷон Шарипов, 87), Фатҳулло Фатҳуллоев (Эраҷ Раҷабов, 89), Аҳтам Назаров, Меҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Манучеҳр Ҷалилов.

«Ал-Қадсия» (Кувайт): Абдулрахман Ал-Фадхли, Ахмад Ал-Дефири, Султан Аленези (Радха Абуҷабрах , 76), Хамад Аман, Файсал Ал-Азми, Фахд Ибрагим, Амер Ал-Фадхели, Даниэл Суботич, Сауд Ал-Насри, Рашид Сумайла, Мухаммад Ал-Наср.

Огоҳонида шуданд: Сиёвуш Асроров («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Пратап Сингх (Ҳиндустон).

Нозири доварон: Масуд Моради (Эрон).

Комиссари бозӣ: Кумар Джунг Тапа (Непал).

15 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 15 000 тамошобинон.

 

«Эрбил» (Ироқ) «Аҳал» (Туркманистон) 2:3

Голҳо: Юнис Маҳмуд, 41 (1:0). Зафар Бабоҷонов, 47 (1:1). Юнис Маҳмуд, 65 – аз  пеналти (2:1). Мамедали Караданов, 73 (2:2). Мамедали Караданов, 75 (2:3).

    Бозӣ Ғалаба Мусовӣ Бохт Т/Т Имтиёз
1 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) 4 2 1 1 7-6 7
2 «Ал-Қадсия» (Кувайт) 4 2 1 1 5-4 7
3 «Аҳал» (Туркманистон) 4 2 0 2 6-7 6
4 «Эрбил» (Ироқ) 4 1 0 3 6-7 3

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 5-ум

29 апрел (чоршанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Ал-Қадсия» (Кувайт)

«Эрбил» (Ироқ) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 6-ум

13 май (чоршанбе)

«Ал-Қадсия» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Аҳал» (Туркманистон)

Добавить комментарий