Ҷоми КФО-2017: “Истиқлол” дар Бишкек “Дордой”-ро шикаст дод – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми КФО-2017: “Истиқлол” дар Бишкек “Дордой”-ро шикаст дод

Чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Дшанбе, дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017, дар гурӯҳи “D” бар “Дордой”-и Қирғизистон бо ҳисоби бузурги 4 бар 1 пирӯз шуд. Дар ин бозӣ ҳамлагари мо Манучеҳр Ҷалилов ба задани се гол муваффақ шуда, хет-трик кард. Ин нахустин хет-трики ҳамлагари тоҷик дар Ҷоми КФО мебошад.

Ин бозиро дар Варзишгоҳи Долен Омурзакови Бишкек ҳамагӣ 1000 нафар мухлис тамошо карданд. Қобили қайд аст, ки ҳайати намояндагии дастаи мунтахаби футболи занони зери сини 19 соли Тоҷикистон низ дар варзишгоҳ ҳузур дошт ва чемпиони Тоҷикистонро гарму ҷӯшон истиқбол карда, давоми 90 дақиқаи бозӣ хуб ҳаводорӣ намуд. Айни замон дастаи мунтахаби футболи занони зери сини 19 соли Тоҷикистон ҷиҳати баргузории ҷамъомади омӯзишиву машқӣ ва бозиҳои дӯстона дар Бишкек қарор дорад.

Дар бозии дигари гурӯҳи “D” “Олтин Асир”-и Туркманистон дар майдони худ бар чемпиони Қирғизистон “Олой”-и Ош  бо ҳисоби 4 бар 1 пирӯз шуд.

Баъд аз панҷ даври мусобиқа дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон) ва “Олтин Асир” (Туркманистон) бо 13 имтиёзӣ дар гурӯҳи “D” пешсаф ҳастанд. Акнун ғолиби гурӯҳ дар бозии даври ҷамъбастӣ миёни ин дастаҳо, ки рӯзи 31 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе баргузор мегардад, маълум хоҳад шуд. Ин бозӣ соати 20.00 оғоз мешавад.

 

Ҷоми КФО-2017. Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 5-ум

«Дордой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 1:4

ГолҳоМанучеҳр Ҷалилов, 7 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 46 (0:2). Соулемана Зарифу, 49 (1:2). Манучеҳр Ҷалилов, 74 (1:3). Егор Потапов, 90+3 – ба дарвозаи дастаи худ (1:4).

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Артем Барановский, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Нуриддин Давронов, Дэвид Мавутор, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев (Фарҳод Восиев, 81), Манучеҳр Ҷалилов (Дилшод Восиев, 78), Дмитрий Барков (Эҳсони Панҷшанбе, 90).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

17 май. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаков. 1000 тамошобин.

 

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон) – 4:1

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) 5 4 1 0 14-4 13
2 «Олтин Асир» (Туркманистон) 5 4 1 0 12-3 13
3 «Дордой» (Қирғизистон) 5 1 0 4 2-11 3
4 «Алой» (Қирғизистон) 5 0 0 5 4-14 0

Дар даври 6-ум вомехӯранд:

31 май (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

«Олой» (Қирғизистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Добавить комментарий