Ҷоми КФО-2016: бохти “Истиқлол” аз “Триполи” дар Лубнон – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми КФО-2016: бохти “Истиқлол” аз “Триполи” дар Лубнон

Чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе,  дар даври дувуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё) аз дастаи мизбон – «Триполи», собиқ қаҳрамон ва барандаи дукаратаи Ҷоми Лубнон, бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.

Бозӣ рӯзи  8 март дар варзишгоҳи “Триполи”-и  шаҳри Триполи бо ҳузури 4000 тамошобин баргузор шуд. Ҳисоби бозиро дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 55-уми вохӯрӣ легионери украинии “Истиқлол” Александр Каблаш боз кард. Вале  баъди се дақиқа Абдул Азиз, бозигари мизбонон, ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаи “Триполи”-ро Валид Фаттоҳ дар дақиқаи 87-ум ба самар расонд.

Дар бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи “В”, ки шаби сешанбеи 8 март ба поён расид, дастаи «Ал-Файсалӣ»-и Урдун бар тими меҳмон – «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ –  бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои “Ал-Файсал”-ро Ёсин Бахит дар дақиқаи 55 (1:0) ва Салом Маҳмуд Сулейм дар дақиқаи 78 ба самар расонданд. Як голи меҳмононро  дар дақиқаи 90 Амҷид Валид Ҳусейн зад.

Ба ин тартиб, «Ал-Файсалӣ» бо 4 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “В” мақоми аввалро касб кардааст. «Нафит Ал-Васат» ва “Триполи” бо 3- имтиёзӣ мутаносибан ҷойгоҳҳои дувуму севумро ишғол мекунанд. “Истиқлол”, ки ҳамагӣ як имтиёз дорад, дар зинаи охирони квартети “В” қарор дорад..

Бозии навбатии худро дар доираи ин мусобиқа “Истиқлол”  рӯзи 15 март дар меҳмонӣ бо «Нафит Ал-Васат» -и Ироқ анҷом медиҳад. Ин бозӣ бо сабаби нооромиҳо дар Ироқ дар майдони бетараф, дар Теҳрони Эрон доир мегардад.  «Триполи» бошад дар майдони худ “Ал-Файсалӣ»-ро қабул мекунад.

Ёдовар мешавем, «Истиқлол» бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро бо дастаи “Ал-Файсалӣ”-и Урдун, барандаи дукаратаи Ҷоми AFC, 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дода буд.

 

Ҷоми КФО-2016. Гурӯҳи «В». Даври 2-юм

“Триполи” – “Истиқлол” – 2:1

«Триполи» (Лубнон): Сироҷ Ал-Самад. Эммануэл Офори. Муҳаммад Эстабели. Саъд Юсуф (Валид Фаттоҳ,). Ғозӣ Ал-Ҳусейн (Мустафо Ал-Кассаа, 90+4). Абдул Азиз. Абубакр Ал-Мел. Майкл Кафу. Ҳамза. Аҳмад Диаб (Аҳмад Мағрибӣ,). Абдулло  Толиб (капитан).

“Истиқлол” (Тоҷикистон: Никола Стошич. Сиёвуш Асроров.Ҷаҳонгир Ҷалилов ( Акмал Холматов, 46). Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ. Нуриддин Давронов (капитан). Александр Каблаш. Петро Ковалчук. Дилшод Восиев. Фатҳулло Фатҳуллоев (Нозим Бобоҷонов, 82). Аҳтам Назаров. Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Абдул Азиз («Триполи»).

Огоҳонида шуданд: Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Чаримурат Қурбонов (Туркманистон).

Нозири доварон: Исмоил Сафири (Эрон).

Комиссари бозӣ: Павел Лузанов (Кирғизистон).

8 март. Триполи. Варзишгоҳи “Триполи”. 4000 тамошобинон.

 

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – 2:1

Голҳо: Ясин Бахит, 55 (1:0). Салем Маҳмуд Сулейм, 78 (2:0). Амджид Валид Ҳусейн, 90 (2:1).

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Ал-Файсалӣ» (Урдун) 2 1 1 0 2-1 4
2 «Нафит Ал-Васат» (Ироқ) 2 1 0 1 2-2 3
3 «Триполи» (Лубнон) 2 1 0 1 2-2 3
4 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) 2 0 1 1 1-2 1

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

15 март (сешанбе)

«Триполи» (Лубнон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

 

Даври 4-ум

12 апрел (сешанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Триполи» (Лубнон)

 

Даври 5-ум

26 апрел (сешанбе)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Триполи» (Лубнон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

 

Даври 6-ум

10 май (сешанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Триполи» (Лубнон)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

Добавить комментарий